БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДДМИТ ЗИМНИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ
Санаи 2-юми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио, аз ҷумла «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Илм ва табиат», Радиои «Тоҷикистон», АМИТ «Ховар», «Овози тоҷик», «Имрӯз», «Ҳамсадо», «Садои Душанбе», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Паёми Душанбе», «Набзи Душанбе», «Мароми пойтахт», «Фараҳ», «Омӯзгор», «Оила.tj», «Диалог.tj», «Время и деньги», «Ба қуллаҳои дониш», «Фановар» ва рӯзноманигорони мустақил, ҷамъ 30 нафар ширкат варзиданд.
Ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор аз ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳати амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, бо боварии том иброз дошт, ки ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори омма дар оянда низ идома ёфта, ҷиҳати ноил гардидани донишгоҳ ба дастовардҳои сазовор дар самти омода намудани мутахассисони дорои малакаю маҳорати касбӣ мусоидат менамояд.
Бобоҷон Сатторзода, инчунин зикр кард, ки ДДМИТ фаъолияти худро дар соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ташкиливу тарбиявӣ ва тавсеаи базаи моддию техникӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки боиси ташаккули нуфузу эътибори донишгоҳ шудааст.
- Аз ҷумла, дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 4-ум гардидан, аз омӯзиш ва такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар гузаштани 83 нафар устоди донишгоҳ, ҳимояи 3 рисолаи докторӣ ва 9 рисолаи номзадӣ, аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати махсус барои 5 соли оянда гардидан, таъсис додани 1 факултет ва 4 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, таҳия ва қабули «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» ва ғайра аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ ба шумор мераванд, - гуфт ректор.
Гуфта шуд, ки робитаҳои байналмилалӣ низ тавсеа ёфтанд: донишгоҳ бо зиёда аз 160 муассиса ва ташкилоти хориҷӣ ва дохилӣ ҳамкорӣ дорад, ки аз ин шумора 8 шартнома соли 2025 ба имзо расидааст. Дар ин давра, 15 устод дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданд, 18 донишҷӯ барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шуданд ва 15 устоди хориҷӣ дар доираи барномаи «Профессори даъватӣ» ба донишҷӯёни ДДМИТ лексия пешниҳод намуданд.
Дар идома, ректор ба саволҳои намояндагони ВАО дар мавриди мақоми омӯзгор, шароити таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, имтиёзҳои таҳсил, ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол, шароити моддию маишии омӯзгорон ва ҷобаҷогузории хатмкунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод кард.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng