ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ТАҲСИЛОТИ ДОИМИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БУРЯТИИ БА НОМИ ДОРҶӢ БАНЗАРОВ БА ДДМИТ
Рӯзи 3-юми феврали соли 2026 намояндагони Донишкадаи таҳсилоти доимии Донишгоҳи давлатии Бурятия ба номи Дорҷӣ Банзарови Федератсияи Россия дар ҳайати Д. Тсиренов, муовини директори донишкада ва Н. Богодухов, мутахассиси “Маркази хизматрасониҳои молиявӣ” ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ва муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Мирсаидов Саидакмал Аврорович ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба муносибатҳои дӯстонаи байни муассисаҳои таҳсилотии Тоҷикистону Россия ва нақши ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди илму маориф таъкид карданд.
Инчунин, зимни вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкориҳо, аз ҷумла рушди табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, ташкили таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисоси ҳайати профессориву омӯзгорӣ, ҷалби мутахассисон барои баргузории машғулиятҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи барномаҳои инноватсионӣ ва рақамсозии раванди таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Меҳмонон ҳангоми ошноӣ бо инфрасохтор аз имкониятҳои таълимӣ ва шароити техникию методии ДДМИТ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки донишгоҳ дорои захираҳои зарурӣ барои пешбурди барномаҳои муосири таълимӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng