ҶОНИБДОРӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» санаи 6-уми апрели соли равон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова қайд намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи обӣ шинохта шудааст. Тоҷикистон дорои ҳазорон пиряхҳои табиӣ буда, яке аз манбаъҳои асосии обии минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи ҳифзи об ва мубориза бо тағйирёбии иқлим барои кишвар на танҳо аҳамияти экологӣ, балки аҳамияти муҳими стратегӣ ва амниятӣ дорад.
Қайд гардид, ки пиряхҳо ва захираҳои обии Тоҷикистон то 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказиро таъмин менамоянд. Ин маъно дорад, ки амнияти обии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон то андозае ба вазъи захираҳои обии Тоҷикистон вобаста мебошад. Ин омил нақши кишварро дар ҳалли масъалаҳои обии минтақавӣ боз ҳам муҳим мегардонад.
Сипас, муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Айдаршо Сулаймонов иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар даҳсолаҳои охир як қатор пешниҳодҳои муҳим дар сатҳи байналмилалӣ ироа гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд. Аз ҷумла, ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ба муттаҳид намудани саъю талошҳои кишварҳои ҷаҳон барои ҳифзи захираҳои обӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар ҳақиқат, об барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Зеро ду соҳаи асосии иқтисодиёти кишвар кишоварзӣ ва гидроэнергетика маҳз ба захираҳои об такя мекунанд ва рушду пешрафти онҳо аз истифодаи самараноки ин неъмати табиӣ вобаста мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Вазира Орифҷонова баён кард, ки зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои гидроэнергетикӣ, яъне неруи оби дарёҳо истеҳсол мешавад. Ин нишондиҳанда Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои ҷаҳон ба қатори давлатҳои пешсаф дар истеҳсоли «энергияи сабз» дохил менамояд.
Дар музокира донишҷӯён ва устодон фаъолона иштирок намуда, оид ба роҳҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин андешаҳои судманд баён карданд.
Дар охир хулоса карда шуд, ки , ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об на танҳо барои кишвар, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти калон доранд. Ҳар яки моро зарур аст, ки ин иқдомҳоро ҷонибдорӣ намуда, дар ҳифзи ин неъмати бебаҳои табиат саҳми арзандаи худро гузорем.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng