ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ
7-уми апрел дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Мастура Бӯриева дарси тарбиявӣ таҳти унвони «Дониш андар дил чароғи равшан аст» гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни факултет ва кормандони китобхона иштирок намуда, дар фазои илмиву маърифатӣ доир ба аҳамияти дониш, китобхонӣ ва худтакмилдиҳӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар оғози ҷамъомад декани факултет Мастура Бӯриева нақши илму донишро дар шароити ҷаҳони муосир махсус таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки дониш ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа инсонро ба сӯи камол, маърифат ва пешрафт раҳнамоӣ мекунад. Шахсе, ки бо дониш мусаллаҳ аст, метавонад дар ҳама соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад ва мавқеи устувори худро дар ҷомеа пайдо намояд.
Таъкид гардид, ки дар осори адибони классик дониш ҳамеша ҳамчун чароғи равшан ва ҳамзамон ҳамчун сипари муҳофизаткунанда васф шудааст. Аз ҷумла, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ донишро омили асосии равшанфикрӣ ва ҳидоятгари инсон мешуморид. Воқеан ҳам, агар донишро ба чароғ монанд кунем, он роҳи зиндагии инсонро равшан месозад, ва агар онро ба ҷавшан ташбеҳ диҳем, инсонро аз хатарҳо ва мушкилоти зиндагӣ ҳифз менамояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши босуръати иттилоот, дониш нақши муҳимтар пайдо мекунад. Танҳо шахси донишманд метавонад иттилооти дурустро интихоб намуда, аз таъсири манфии ахбори бардурӯғ ва ғаразнок дурӣ ҷӯяд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши пайваста, мутолиаи китоб ва рушди ҷаҳонбинии васеъ барои ҳар як ҷавон амри зарурӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳар як донишҷӯ бояд ба омӯзиши илм, мутолиаи китоб ва баланд бардоштани савияи дониш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Зеро танҳо бо дониш инсон метавонад ба қуллаҳои баланди муваффақият расида, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng