ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
7 апрели соли равон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар оғози чорабинӣ таъкид карда шуд, ки озмуни мазкур миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо мақсади тақвияти дониш, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар самти илму маориф роҳандозӣ мегардад.
Декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ Мастура Буриева зикр намуд, ки донишгоҳ бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон чунин озмунҳоро мунтазам баргузор менамояд. Донишгоҳ ҳамчун ташаббускори баргузории як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномасози беҳтарин» ва ҳамчунин, олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни донишҷӯён эътироф гардидааст.
Ба андешаи Мастура Буриева, ҳадафи асосии озмун дарёфти чеҳраҳои болаёқат ва омода намудани кадрҳои ҷавон барои оянда мебошад. Озмун дар заминаи ҳамкориҳои мустаҳками донишгоҳ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба рушди соҳаи гумрук ва омода намудани мутахассисони баландихтисос равона шудааст.
Ҳамзамон, устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ Қудратулло Мираков оид ба тартиб, низомнома ва меъёрҳои баргузории озмун маълумот пешниҳод намуда, иброз дошт, ки дӯст доштани касб ва шавқу рағбат ба соҳа барои муваффақият муҳим аст.
Қайд гардид, ки дар озмуни мазкур намояндагони 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок менамоянд. Озмун аз рӯи ду номинатсия - «Даставӣ» ва «Инфиродӣ» гузаронида шуда, барои баҳогузории одилона ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони соҳа ҷалб гардидаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ДДМИТ яке аз муассисаҳои пешсаф дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи гумрук ба ҳисоб рафта, рӯзҳои 24-25 апрели соли 2026 бо ташаббуси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад. Ин иқдом бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Дар даври донишгоҳии озмун бошад, аз миёни донишҷӯёни ихтисосҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ 8 нафар, аз ҷумла донишҷӯёни ихтисосҳои 1-960101 - хадамоти гумрук: Сиёвуш Раҷабов, Суннаттулло Аҳтамзода, Муҳаммадҷони Умедҷон, Диловар Хоҷаев, Меҳроҷ Файзуллозода ва 1-96010102 - таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ Муҳаммад Боев, 1-96010101 - таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ Шаҳриёр Азизов ва Фарҳод Раҷабов интихоб гардида, баъдан 4 нафари беҳтарини онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng