ТАШРИФИ ВАРЗИШГАРДУХТАРОН БА ДОНИШГОҲ
Рӯзи 7-уми апрел як гурӯҳ варзишгардухтарон-хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Варзоб бо роҳбарии омӯзгор Маҳмадмурод Олимов ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмонон зимни боздид аз шароити таълимӣ ва варзишии донишгоҳ аз китобхона, синфхонаҳои муосир ва толори варзишӣ дидан намуда, бо имкониятҳои фароҳамгардида аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон, онҳо дар муҳити донишгоҳ аксҳои хотиравӣ гирифта, таассуроти нек бардоштанд.
Дар рафти ташриф устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, аз ҷумла мудири кафедра Собир Шокиров ва омӯзгорон Беҳрӯз Азизқулов, Бахтовар Шарипов, Мулломурод Муллоев ва Абдусалом Неъматов меҳмононро ҳамроҳӣ намуда, оид ба имкониятҳои варзишӣ ва дастовардҳои донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Тавре мудири кафедра Собир Шокиров иброз дошт, мақсад аз ташрифи варзишгардухтарон, пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва муаррифии имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ мебошад. Зикр гардид, ки чунин вохӯриҳо барои тақвияти ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мусоидат намуда, ба интихоби дурусти касби ояндаи хонандагон замина мегузоранд.
Дар доираи ин боздид, инчунин мусобиқаи дӯстонаи волейбол баргузор гардид, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт. Ин гуна чорабиниҳо ба таҳкими рӯҳияи варзишӣ, рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ ва баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд.
Хатмкунандагон бо шароити фароҳамгардида ва муҳити илмию фарҳангии донишгоҳ шинос шуда, барои идомаи таҳсил дар ин муассисаи бонуфуз ҳавасманд гардиданд. Дарвоқеъ, ҳамин гуна ташрифҳо на танҳо барои шиносоӣ бо имкониятҳои таҳсил, балки барои тарбияи насли солиму фаъол ва интихоби дурусти роҳи ҳаёт аҳамияти муҳим доранд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng