ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРИИ ТОҶИКОН
24 ноябри соли равон дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами давлатӣ — рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандории тоҷикон» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, фазои тантанавии он ба иштирокдорон эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти кишварро талқин намуд.
Нахуст декани факултет Буризода Мастура Чорӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфт. Мавсуф таъкид кард, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосии миллӣ ва рамзи соҳибихтиёрии давлат, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанг, ормонҳои миллӣ ва иродаи устувори халқи тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол мебошад.
Ба таъкиди декани факултет, эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо арҷгузорӣ ба як рамзи миллӣ нест, балки нишонаи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба давлат ва масъулият дар назди ояндаи миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон ва донишҷӯён, бояд маънои таърихию рамзии Парчами миллиро амиқ дарк намуда, бо рафтору кирдор ва фаъолияти созандаи худ ба он эҳтиром гузоранд. Ӯ ҳамчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ кард.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ғаффорзода Шаҳноза Абдуҷаббор зимни суханронии хеш доир ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавон ибрози назар намуд.
Мавсуф зикр кард, ки Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи ифтихор, ваҳдат ва пайванди ногусастании гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат аст. Он моро ба дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан раҳнамун месозад. Ба андешаи ӯ, ҷавонон бояд дар баробари ифтихор аз Парчами давлатӣ, масъулияти хешро дар назди миллату давлат эҳсос намуда, бо омӯзиши пайваста, азхудкунии донишҳои муосир, риояи арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа сазовори ин рамзи муқаддас бошанд.
Ғаффорзода Шаҳноза Абдуҷаббор ҳамзамон таъкид намуд, ки тарбияи ватандӯстӣ бояд на танҳо дар сухан, балки дар амал, муносибати масъулона ба таҳсилу меҳнат, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар таҷассум ёбад.
Дар идомаи ҳамоиш мудири кафедраи иқтисодиёти сабз Азизулло Исматуллозода бо маърӯза дар мавзуи «Парчами давлатӣ - рамзи ифтихори миллӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баромад намуд.
Номбурда дар маърӯзаи худ таъкид кард, ки Парчами давлатӣ аз муҳимтарин рамзҳои соҳибихтиёрии миллӣ буда, дар худ ғояҳои истиқлолият, озодӣ, ҳамбастагӣ ва ояндаи созандаи кишварро таҷассум менамояд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як унсури Парчами миллӣ дорои маънои рамзӣ буда, маҷмуан таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва ормонҳои неки мардуми тоҷикро ифода мекунад.
Мавсуф иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръони сиёсиву иқтисодӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ аҳаммияти хосса дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо эҳсоси баланди масъулият Парчами давлатиро гиромӣ дошта, барои ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.
Қисмати фарҳангии ҳамоиш низ дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид. Донишҷӯёни факултет бо иҷрои суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишин, қироати шеърҳои пурмазмун ва муаррифии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маҳорати эҷодию суханварии худро нишон доданд. Ҳамчунин, барномаҳои адабию фарҳангӣ дар васфи муқаддасоти миллӣ, Ватан ва зебоиҳои диёри нозанин эҳсоси ифтихори миллиро дар қалби иштирокдорон тақвият бахшиданд.
Дар маҷмуъ, ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ дар фазои тантанавию ватандӯстона баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки Парчами давлатӣ на танҳо рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон, балки омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ҳувияти ватандорӣ мебошад.
Парчами давлатӣ моро ба ҳамдилӣ, сарҷамъӣ ва созандагӣ даъват мекунад. Эҳтиром ба он эҳтиром ба Ватан, таърих, истиқлолият ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng