ПАРЧАМ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
24 ноябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам - рамзи истиқлолияти давлатӣ» чорабинии тарбиявию сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзоалӣ Бобоев, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, роҳбарияти факултет, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашти тантанавии донишҷӯён бо Парчами давлатӣ оғоз ёфта, дар фазои идона ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро таҷассум намуд.
Нахуст декани факултет Садриддин Шарипов зимни суханронии худ таъкид кард, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва муҳимтарин рамзҳои давлатдории ҳар як кишвари соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, Парчами давлатӣ таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ормонҳои неки мардуми Тоҷикистон буда, ҳамчун рамзи сарбаландӣ ва худшиносии миллӣ дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҷойгоҳи хосса дорад.
Сипас, Мирзоалӣ Бобоев дар баромади худ доир ба аҳаммияти Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ибрози назар намуд. Ӯ зикр кард, ки Парчами миллӣ на танҳо муаррификунандаи давлат дар арсаи байналмилалӣ, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, муборизаву ҷоннисориҳои миллати тоҷик дар роҳи озодиву соҳибистиқлолӣ ва рамзи ваҳдату ҳамбастагии тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова зимни суханронии худ иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон буда, таъриху фарҳанги куҳан, тамаддуни ғанӣ, истиқлолу озодӣ ва орзуву ормонҳои мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Мавсуф таъкид намуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, эҳтиром ба Ватан, миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ таърихи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 зарурати қабул намудани рамзҳои нави давлатӣ ба миён омад. Дар ҳамин замина, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар қабул гардид. Аз ҳамон рӯз инҷониб Парчами серангаи Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ мақоми хосса пайдо намуда, ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни факултет бо қироати шеърҳои ватандӯстона, иҷрои рақсҳои хатлонию бадахшонӣ ва сурудҳои тараннумгари Ватан, истиқлолият ва Парчами миллӣ ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшиданд. Онҳо бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ Парчами давлатиро ҳамчун рамзи озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии миллати тоҷик васф намуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мусоидат намуд. Он бори дигар собит сохт, ки Парчами давлатӣ на танҳо рамзи соҳибихтиёрии давлат, балки таҷассумгари ҳастии миллат, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар қалби наслҳои имрӯзу оянда ҷойгоҳи арзанда дорад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng