24-уми ноябри соли 2026 дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои гуногун ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор беш аз 200 нафар ҳайати устодону донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллии худро таҷассум намуданд.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, дар даст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиору овезаҳои ҷашнӣ, бо қадамҳои устувор аз масири муайянгардида гузаштанд. Онҳо тавассути ин иқдоми рамзӣ эҳтирому арҷгузории хешро ба яке аз муқаддасоти волои давлатдорӣ - Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон мебошад, иброз доштанд.

Дар ҷараёни роҳпаймоӣ суруду оҳангҳои ватандӯстона дар васфи Парчами давлатӣ, Ватани маҳбуб ва Истиқлоли давлатӣ танинандоз гардида, ба фазои идона шаҳомату шукӯҳи хосса бахшиданд. Шиору овезаҳои ҷашнӣ ва Парчамҳои парафшони иштирокчиён бозгӯи муҳаббату садоқати самимӣ ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон буданд.

Иштироки фаъолонаи ҳайати ДДМИТ дар чунин чорабинии муҳими умумиҷумҳуриявӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ба тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Зеро арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ на танҳо нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, балки ифодаи дарки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, таърих ва ояндаи давлат мебошад.

Дар маҷмуъ, роҳпаймоии идона дар фазои тантанавӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи муқаддаси истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, давлатдории мустақил ва нангу номуси ватандорист.

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ҳастии миллат ва соҳибихтиёрии давлат ҳамеша мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, парафшонии он дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ, балки нишонаи эътимод ба фардои дурахшони Ватани маҳбубамон мебошад.                                                                              

 

Тағоймурод ЭШЗОДА