АЗ ДИРАФШИ КОВАЁН ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН: МАСИРИ РУШДИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни бошукӯҳи миллӣ - 34-умин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши ғоявию фарҳангии ҳайати профессорону омӯзгорон таҳти унвони «Аз Дирафши Коваён то Парчами давлатии Тоҷикистон: масири рушди ҳувияти миллӣ» доир гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шарофиддин Сабззода ва Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Давлат Раҳмониён иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор оғоз ёфт. Ин лаҳзаи бошукӯҳ ба ҳамоиш фазои хоссаи идона бахшида, эҳтирому арҷгузории иштирокдоронро ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ таҷассум намуд.
Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ барои ҳар миллат таҷассумгари таърихи пурифтихор, ҳувияти миллӣ, ормонҳои мардум, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва масъулияти наслҳо дар назди Ватан мебошад.
Ба андешаи ректор, Парчам рамзест, ки дар зери он миллат сарҷамъ гардида, ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад, имрӯзро қадр мекунад ва ба оянда бо эътимоду умед менигарад. Аз ин ҷост, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, эҳтиром ба Ватан, таърихи миллат, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳое мебошад, ки ҳастии моро ҳамчун миллати соҳибдавлат муайян мекунанд.
Дар он рӯзҳое, ки Тоҷикистон ба мушкилоти сангини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, қабули Парчами давлатӣ яке аз иқдомҳои муҳиме гардид, ки барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, эҳёи умед ба оянда ва муайян намудани рамзҳои соҳибистиқлолии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Парчаме, ки имрӯз дар саросари Тоҷикистони азиз ва гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон парафшон аст, рамзи давлатест, ки роҳи душвору пурпечутоби таърихиро тай намуда, ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, созандагӣ ва рушди устувор расидааст. Аз ин рӯ, ҳар боре ки ба Парчами давлатӣ менигарем, бояд таърихи ба даст овардани истиқлолият, талошҳои мардуми тоҷик барои ҳифзи давлатдорӣ ва арзиши сулҳу оромии миллиро низ амиқ дарк созем.
Ректор зимни суханронии худ бо ишора ба пайванди таърихии Дирафши Коваёнӣ ва Парчами давлатии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Коваи оҳангари хештаншиносу далер бо парафшон намудани пешдомани чармини худ бар зидди зулму истибдоди Заҳҳок қиём карда, мардумро ба мубориза барои озодӣ ва адолат раҳнамун сохт. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмин гардида, миллат ба сӯи амалӣ намудани ормонҳои таърихии худ қадамҳои устувор гузошт.
Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Раҳмониён доир ба таърихи парчамдории миллати тоҷик андешаронӣ намуда, маъно ва моҳияти вожаҳои «алам», «ливо» ва «дирафш»-ро шарҳ дод. Номбурда таъкид кард, ки фарҳанги парчамдорӣ аз умқи таърихи миллати тоҷик сарчашма гирифта, яке аз рукнҳои муҳими ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.
Мавсуф бо ёдоварӣ аз қаҳрамонии Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳок иброз дошт, ки пас аз пирӯзии Кова дирафши ӯ ҳамчун рамзи ғалаба ва озодӣ маъруфият пайдо карда, бо номи Дирафши Ковиёнӣ шинохта шудааст. Фаридун ин дирафшро ҳамчун рамзи давлатдорӣ пазируфта, дар давраҳои минбаъда низ шоҳони қадим онро нигоҳ дошта, бо илова намудани рамзу нақшҳои хосса ғанӣ гардонидаанд.
Ҳамчунин, Давлат Раҳмониён ба даврони шуравӣ ишора намуда, зикр кард, ки дар он замон 15 ҷумҳурӣ зери як ливо қарор доштанд ва парчам рамзи иттиҳоду ҳамбастагӣ ба ҳисоб мерафт. Ба андешаи ӯ, эҳсоси муҳаббат ва ифтихори миллӣ бояд, пеш аз ҳама, дар қалби ҳар як инсон ҷой дошта бошад. Дар идомаи суханронӣ ӯ аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва парчамбардории онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ёдовар шуда, чанд шеъри ватандӯстонаи худро қироат намуд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони донишгоҳ барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, Музаффар Ҳалимзода барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, як гурӯҳ устодону кормандони донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, ташаббускорӣ, саҳми арзанда дар рушди фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияи донишҷӯён ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ бо Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади гиромидошти муқаддасоти миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол ва футболи хурд баргузор гардида, ғолибони онҳо муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.
Дар натиҷа, дар сабқати волейбол дастаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ сазовори ҷойи якум, дастаи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи факултети молия ва қарз сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи футболи хурд дастаи садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ маҳорати баланд нишон дода, ҷойи якумро соҳиб шуд. Дастаҳои факултети ҳисобдорӣ ва омор ҷойи дуюм ва факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш меҳмонон барои иштирок ва саҳмашон дар баргузории чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравии донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng