Бо ташаббуси раёсати хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати санитарии ҳудуди донишгоҳ шанбегӣ доир гардид.

Дар рафти шанбегӣ кормандон корҳои тозаву озодасозии гирду атрофи донишгоҳ ва хобгоҳро анҷом дода, саҳну роҳравҳо, майдончаҳо ва дигар қитъаҳои ҳудуди муассисаро аз партовҳо ва баргу хазон тоза намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин ҳашарҳои дастаҷамъона дар нигоҳдории тозагӣ, беҳтар намудани вазъи экологии муҳити таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу зиндагӣ барои донишҷӯён нақши муҳим дорад. Зеро тозагиву ободонӣ аз фарҳанги баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносии ҳар як нафар шаҳодат медиҳад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия