Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ДДМИТ дарси кушод дар мавзуи «Таҳдиди экстремизм ва терроризми динӣ» доир гардид.

Дар рафти дарси кушод омӯзгори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ Сулаймон Дӯстов ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Хисрав Абдуразоқов оид ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм, сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии ин зуҳуроти хатарнок, инчунин оқибатҳои манфии онҳо ба амнияти ҷомеа ва суботи давлат маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Тавре гуфта шуд, терроризму экстремизм аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, метавонанд ба ҳаёти осоиштаи мардум, амнияти миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва муносибатҳои байни одамон таъсири манфӣ расонанд.

Ҳамчунин, дар бораи омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таъсири таблиғоти зараровар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати истифодаи оқилонаи интернет суханронӣ карда шуд. Қайд гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, омӯзиши илм, тарбияи дурусти ҷавонон дар оила ва муассисаҳои таълимӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аз роҳҳои муҳими пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб мебошанд.

Дар идомаи дарс аҳамияти ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамдигарфаҳмӣ таъкид карда шуд. Иштирокдорон даъват гардиданд, ки нисбат ба ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ҳушёру зирак бошанд ва барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия