САВДОИ ОДАМОН - ТАҲДИДИ ҶИДДӢ БА ҶОМЕАИ МУОСИР
Санаи 6-уми апрел дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии ДДМИТ дарси тарбиявӣ-идеологӣ доир гардид, ки ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон бахшида шуда буд. Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии донишҷӯён аз хатарҳои ин амали манфии иҷтимоӣ доир гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, декани факултет София Темурбекова, сардори бахши таъминоти ҳуқуқӣ Сайдалӣ Ҳаитов, кормандони раёсати тарбиявӣ, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯёни курсҳои аввал иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет София Темурбекова иброз дошт, ки дар шароити рушди давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мақоми аввалиндараҷа дорад. Давлат бо такя ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда шароити зиндагии арзандаи шаҳрвандонро таъмин намуда, барои ҳимояи манфиатҳои онҳо тадбирҳои муассир меандешад.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова вобаста ба вазъи муосири ҷаҳон иброз дошт, ки дар баробари таҳдидҳое чун терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон низ ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол намуда, ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад.
Дар идома, Сайдалӣ Ҳаитов доир ба заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон сухан гуфта, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ба як қатор конвенсияҳои муҳими ҷаҳонӣ ҳамроҳ гардида, қонунгузории миллиро дар ин самт такмил додааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани оқибатҳои ин ҷиноятро муайян менамояд.
Таъкид гардид, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти савдои одамон ҷазоҳои сахт пешбинӣ шудааст. Ин тадбирҳо ба хотири ҳифзи шаъну шарафи инсон ва таъмини амнияти ҷомеа равона гардидаанд.
Ҳамин тариқ, иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки танҳо тавассути ҳамкории давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон метавон пеши роҳи савдои одамонро гирифта, амният ва суботи ҷомеаро таъмин намуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng