МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ УСТУВОРИИ ҶОМЕАИ МИЛЛӢ
Санаи 6-уми апрели соли равон бо иштироки донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ зери унвони «Муқовимат бо коррупсия - василаи таҳкими устувории ҷомеаи миллӣ» доир гардид.
Дар ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Субҳоналӣ Мирзоев иброз дошт, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, кишвар ба мушкилоти дорои хусусияти коррупсионӣ рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳои асосии густариши коррупсия, аз як тараф, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум буда, аз тарафи дигар, омода набудани ҷомеа ба иқтисоди бозорӣ ва дарк накардани талаботу қоидаҳои он мебошад.
Паҳншавии коррупсия дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро нигарон намуда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар чунин шароит осебпазир мегардид. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ гардида, барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд. Дар ин замина, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 ва чандин стратегияҳои давлатӣ қабул гардида, барои коҳиш додани сатҳи коррупсия заминаи воқеии ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба муқовимат бо коррупсия қабул ва мавриди амал қарор доранд. Ҳамзамон, Субҳоналӣ Мирзоев ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд кард, ки баъзан ҳатто ҷавонони аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин низ ба чунин гурӯҳҳо шомил мешаванд.
Сабаби асосии ин ҳолат паст будани дониши ҳуқуқӣ, касбӣ ва динӣ, инчунин набудани таҷрибаи кофии зиндагӣ мебошад. Қайд гардид, ки гурӯҳҳои террористӣ бештар ҷавононро ҳадаф қарор дода, бо роҳҳои пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди онҳо, зери ниқоби арзишҳои динӣ амал менамоянд. Фаъол гардидани чунин ҳаракатҳо яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир буда, онҳо ҷавононро ба ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ ҷалб мекунанд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокдорон ба саволҳои худ посух гирифта, ба ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва решакан намудани ин амали номатлуб бетараф набошанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng