ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» аз 6 то 10 апрели соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сеюмин фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир мегардад. Фестивали мазкур барои рушди низоми таҳсилот, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам заминаи мусоид фароҳам меорад.
Рӯзи 6-уми апрел дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе» дар фестивал намояндагони донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ, давлатҳои Осиё, Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳо, инчунин, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ бо гӯшаи махсуси намоишӣ иштирок намуда, дастовардҳо ва имкониятҳои худро муаррифӣ кард. Гӯшаи донишгоҳ таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуда, барои муаррифии муассиса дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузошт.
Ҳадафи фестивал муаррифии имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароит барои ҷавонон ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар доираи фестивал муаррифии барномаҳои таҳсил ва стипендияҳо, мулоқоту гуфтушунидҳои ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, мизҳои мудаввар оид ба сифати таҳсил ва мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ гузаронида мешавад.
Устодони ДДМИТ бо намояндагони донишгоҳҳо мустақим мулоқот намуда, маълумоти дақиқ дар бораи барномаҳои таҳсил ва бурсияҳо дарёфт карданд.
Қайд гардид, ки сифати таҳсил ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, омодасозии мутахассисони баландихтисос кафили рушди устувори ҷомеа мебошад.
Дар маросими ифтитоҳ, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти чорабиниро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ махсус таъкид карданд.
Дар фестивал зиёда аз 60 донишгоҳ аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Федератсияи Россия, ИМА, Қазоқистон, Беларус, Узбекистон, Чин, Малайзия, Корея, Швейтсария, Британияи Кабир, Канада, Испания ва дигар давлатҳо иштирок карданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng