Дар асоси нақшаи раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ, 2-юми апрели соли 2026 дар китобхонаи илмии донишгоҳ дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид. Дарси мазкурро муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Сулаймон Дӯстов бо донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-240103 - ҳуқуқи иқтисодӣ дар мавзуи «Таъсири манфии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба мавқеи байналмилалии давлат» баргузор намуд.

Дар ҷараёни дарс устод доир ба хавфу оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб суханронӣ намуда, таъкид кард, ки истеъмоли маводи мухаддир боиси заиф гардидани қобилияти зеҳнӣ, аз даст рафтани саломатӣ ва паст шудани сатҳи зиндагии инсон мегардад. Қайд гардид, ки истифодаи маводи мухаддир метавонад ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СПИД оварда расонад.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки донишҷӯён ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд дар пешгирии ин «вабои аср» бетараф набошанд ва барои ҳифзи солимии ҷомеа саҳми худро гузоранд.

С. Дӯстов, инчунин дар бораи одобу ахлоқи ҷавонон, тарбияи дуруст, нақшаҳои дурнамои ҳаёт, интизом ва масъулиятшиносӣ андешаҳои худро баён намуд. Дар баробари ин, масъалаҳои марбут ба дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлат, баланд бардоштани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва тақвияти масъулиятшиносии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми дарс донишҷӯён ба устод саволҳои ҷолиб пешниҳод намуда, дониши худро дар мавриди оқибатҳои манфии маводи мухаддир ғанӣ гардониданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия