ВОХӮРИИ МУСОВӢ ДАР МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ, таъмини оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим 4-уми апрели соли равон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии футболи хурд доир гардид. Ин иқдоми варзишӣ бо ташаббуси сохторҳои дахлдор баргузор гардида, ҳадафи асосии он ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи солими рақобат мебошад.
Дар доираи ин мусобиқа, дастаи мунтахаби Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино вориди майдон гардид. Вохӯрии мазкур дар фазои рақобати шадид ва ҳаяҷоновар сурат гирифта, ҳар ду даста маҳорати хуби варзишӣ ва омодагии ҷиддии худро нишон доданд.
Ҷараёни бозӣ аз дақиқаҳои аввал пуршиддат оғоз ёфта, дастаҳо пайваста ба ҳамла мегузаштанд. Дар натиҷаи ҳамоҳангии хуби бозигарон ва истифодаи самараноки имкониятҳо, аз ҷониби дастаи мо Тоҳир Мирзоалиев ва Эҳсон Назаров ба дарвозаи ҳариф гол заданд. Бо вуҷуди ин, дастаи ҳариф низ тавонист ҳисобро баробар намояд ва вохӯрӣ бо натиҷаи 2:2 мусовӣ анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа 10 дастаи муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе иштирок дошта, рақобатҳо аз санаи 4-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng