ФАТҲИ ҚУЛЛАИ ИЛМ
Санаи 3 апрели соли ҷорӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муаллими калони кафедраи аудит ва ревизияи донишгоҳ Абдулхайров Фахриддин Маҳмадшоевич рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Ҷанбаҳои назариявию амалии баландбардории сифати идоракунии корпоративӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D050900 - молия, муомилоти пулӣ ва қарз бомуваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, собиқ иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи молия, шодравон Ашурбой Бегматов иҷро гардидааст.
Мақсади асосии таҳқиқот омӯзиши ҷанбаҳои назариявию амалии идоракунии корпоративӣ ва муайян намудани роҳҳои самараноки баланд бардоштани сифати он дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Навгониҳои илмии таҳқиқот дар асоснок намудани ҷанбаҳои назариявӣ, таҳияи пешниҳодҳои методӣ ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмил ва баландбардории сифати идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкии кишвар ифода меёбанд.
Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин дастоварди арзишманди илмиро ба Фахриддин Абдулхайров табрик гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ комёбиҳои нав, илҳоми эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмро таманно менамоянд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng