ДАСТОВАРДҲОИ НАВБАТИИ ИЛМӢ
Сол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳҳо барои тақвияти заминаҳои илмии таълимгоҳ аҳаммияти муҳим дошта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат менамояд. Ногуфта намонад, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба рушди илм ва дастгирии устодону муҳаққиқон пайваста афзоиш ёфта истодааст. Ин омил боис гардидааст, ки сафи олимони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бештар гардида, барои пешрафти фаъолияти илмӣ-педагогӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Ин навбат, санаи 3-юми апрели соли 2026 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳимояи бомуваффақияти диссертатсияи муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Давлатзода Дилшод Шералӣ таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Содиқов Меҳтархон Соқибоевич доир гардид.
Диссертатсияи мазкур дар мавзуи «Хусусиятҳои ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли вилояти Хатлон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050600-иқтисодиёт (6D050603 - иқтисодиёти ҳудудӣ) пешниҳод гардид.
Асосҳои назариявии таҳқиқоти муҳаққиқро корҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ ташкил медиҳанд. Тибқи қонунҳои объективии бозор, сармоягузорӣ, ки дар ҳама марҳилаҳои такрористеҳсоли васеъ талаб карда мешавад, ба он ҷое, ки даромади баландтар ва шароити бароҳат вуҷуд дорад, равона карда мешавад. Хусусан, вақте ки ҷаҳонишавӣ чунин гузаришро осонтар мекунад. Дар доираи бозори миллӣ, ҷалби сармоягузориҳои сармоягузорӣ вақте имконпазир мегардад, ки сармоягузорони хориҷӣ ба мақсаднокии чунин сармоягузорӣ боварӣ доранд. Аз ин рӯ, таҳқиқот ва асосноккунии илмии раванди фароҳам овардани муҳити мусоид барои сармоягузории хориҷӣ торафт муҳимтар мегардад.
Мо аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дастоварди назарраси илмиро ба Давлатзода Дилшод Шералӣ самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодӣ муваффақиятҳои нав ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно дорем.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng