Бо ташаббуси Аҳкомуддин Судиқов, омӯзгори кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии ДДМИТ дарси кушоди тарбиявӣ-омӯзишӣ доир гардид, ки ба масъалаи муҳими рӯз - танзими ҷашну маросим бахшида шуда буд.

Дар рафти дарс устод қайд намуд, ки ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои пешгирии исрофкорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум ва таҳкими арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.

Зимни баррасии мавзуъ таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон, риояи меъёрҳои сарфакорӣ барои ҳар як шаҳрванди масъул вазифаи муҳим мебошад. Махсусан, ҷавонон ва донишҷӯён бояд дар татбиқи ин қонун саҳми фаъол дошта бошанд.

Донишҷӯён дар муҳокима фаъолона иштирок намуда, доир ба роҳҳои беҳтар намудани фарҳанги маъракаороӣ, кам кардани хароҷоти зиёдатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои молиявӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия