ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗУИ МУҲИМИ СТРАТЕГӢ ВА АМНИЯТӢ
Зимни дарси кушод, ки аз ҷониби Раҳимзода Баҳодур Карим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ доир гардид, масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар рафти дарс таъкид гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти стратегӣ вазъи воқеии иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии мамлакат таҳлил ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ мушаххас карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар доираи дарс масъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани ҳушёрии сиёсии ҷавонон ва донишҷӯён, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва шоиста мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.
Қайд карда шуд, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зуҳури гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии амниятӣ табдил ёфтааст. Барои муқовимат ба ин таҳдидҳо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста талош меварзанд.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мавқеи устувор дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020 заминаҳои ҳуқуқии ин самтро мустаҳкам намуда, самтҳои асосии мубориза бо ин падидаҳои номатлубро муайян мекунанд.
Дар идома таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм имрӯз ҳамчун «вабои аср» ба амнияти ҷаҳонӣ таҳдид намуда, хатари ҷиддӣ ба ҳаёти инсоният эҷод мекунанд.
Дар маҷмуъ, дарси кушод дар фазои илмӣ ва мубоҳисаи судманд баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии донишҷӯён саҳми арзанда гузошт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng