Рӯзи 2-юми апрели соли равон ҷаласаи раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ, роҳбарони сохторҳо ва намояндагони шуъбаҳои марбута иштирок намуда, масъалаҳои муҳими вобаста ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои ҷашниро муҳокима карданд.

Ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иброз дошт, ки таҷлили 30-солагии ДДМИТ имкони арзёбии фаъолияти илмӣ-таълимӣ, таҳкими нуфузи донишгоҳ ва муаррифии дастовардҳои он дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ баррасӣ гардида, аз ҷумла баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, мизҳои мудаввар, намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ, қадрдонии кормандони собиқ ва собиқадорон, мулоқот бо хатмкунандагони муваффақ ва чорабиниҳои фарҳангӣ пешниҳод ва тасдиқ карда шуданд.

Қайд гардид, ки рамзи донишгоҳ тасдиқ шуда, чорабиниҳои идона ҳанӯз аз моҳи декабри соли 2025 оғоз гардида, дар ин замина, як қатор ташаббусҳо амалӣ карда шудаанд.

Ҳамчунин, масъулин тибқи нақша, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати омодасозии маводи иттилоотӣ, нашри китобу маҷмуаҳо, таҳияи наворҳои гуногун ва тарғиби васеи дастовардҳои донишгоҳ дар васоити ахбори омма тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки иҷрои саривақтии нақшаи тасдиқшуда таъмин гардида, тамоми чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор карда шаванд.

Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» дар заминаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №315 аз 16 июли соли 1996 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, ба вуҷуд омадааст.

Минбаъд, соли 2006 муассиса ба Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон табдил дода шуда, соли 2012 дар асоси муттаҳидсозӣ бо Донишкадаи молияи Тоҷикистон ба «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» табдил ёфт. Бо назардошти дастовардҳои назаррас дар самти таълиму тарбия ва болоравии мақому нуфуз, соли 2018 муассиса ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд.

Донишгоҳ ҳамчун зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, имрӯз ба яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии касбии кишвар мубаддал гардидааст.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ва меҳнати содиқонаи устодону кормандон, донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, имрӯз дар қатори чор муассисаи беҳтарини таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Донишгоҳ бо доро будани иқтидори баланди илмӣ ва таълимӣ, инфрасохтори муосир ва муҳити мусоиди таҳсил, ҳамчун маркази омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои молия ва иқтисод шинохта шудааст.

Хатмкунандагони донишгоҳ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хизмати давлатӣ, илму маориф ва соҳибкорӣ фаъолияти самаранок дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия