ХУРОФОТ - НИШОНАИ ҶАҲОЛАТ
Санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ ва факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ мулоқоти судманд дар мавзуъҳои муҳимми рӯз, аз ҷумла «Татбиқи Консепсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”, “Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ эдвайзер оид ба тарбияи факултет Исматулло Ҷумаев доир ба аҳамияти тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа андешаронӣ кард.
Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти хатарноки замони муосир ба амнияти давлатҳо таҳдид намуда, ба суботу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Мубориза бар зидди онҳо вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва масъулиятшинос мебошад.
Сипас, намояндаи дин Абдурасул Юсупов, имом-хатиби масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла таълимоти ғайрирасмии динӣ, гаравидан ба фарҳанги бегона ва паҳншавии ақидаҳои ифротӣ пайваста чораҳои муассир меандешад.
Қайд карда шуд, ки мавҷудияти таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дуршавӣ аз арзишҳои миллӣ метавонад заминаи рушди ифротгароӣ ва терроризмро фароҳам оварад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани маърифати динӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад баъзе ҷавонони ноогоҳро ба доми гурӯҳҳои ифротӣ кашад. Гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун ҷавононро фиреб дода, онҳоро аз роҳи дуруст дур месозанд.
Дар идома сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, сардори бахши таъминоти ҳуқуқӣ Сайдалӣ Ҳаитов ва декани факултет Ёрибек Тиллабов доир ба хатари ҷиддии терроризм ва экстремизм андешаҳои судманд баён карданд.
Зикр шуд, ки барои мубориза бо чунин зуҳуроти хатарнок ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба таблиғоти ифротӣ дода нашаванд. Ҳамкории муассири оила, муассисаҳои таълимӣ ва ниҳодҳои давлатӣ метавонад дар пешгирии чунин падидаҳо нақши муҳим бозад. Таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфта, ба амнияти тамоми кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар анҷоми мулоқот миёни донишҷӯён ва намояндаи дин суҳбати озод баргузор гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng