Рӯзи 2-юми апрели соли равон тибқи нақшаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  викторинаи илмӣ байни донишҷӯён таҳти унвони “Масъалаҳои шавқовари математикӣ” доир гардид. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи риёзии донишҷӯён ва татбиқи амалии донишҳои назариявӣ дар ҳалли масъалаҳои мураккаби иқтисодӣ буд.

Муҳтавои векторина ба таври касбӣ ва бисёрҷабҳа тарҳрезӣ шуда буд. Саволномаҳо аз се бахши асосӣ иборат буданд, ки ҳар як бахш 25 саволро дар бар мегирифт.

Бахши аввал ба масъалаҳои мантиқӣ бахшида шуд, ки ҳадафаш санҷиши тафаккури алгоритмӣ ва қобилияти қабули қарорҳои фаврӣ дар ҳолатҳои ғайристандартӣ буд.

Бахши дувум математикаи классикиро фаро гирифт, ки таҳкурсии илмии донишҷӯёнро дар соҳаҳои алгебра ва таҳлил муайян намуд.

Бахши севум ва муҳимтарин - математика дар иқтисодиёт буд, ки робитаи зичи моделсозии риёзиро бо равандҳои молиявӣ, бонкдорӣ ва амнияти иқтисодӣ нишон дод. Ин иқдом имкон дод, ки донишҷӯён на танҳо формулаҳоро аз ёд кунанд, балки моҳияти истифодаи онҳоро дар амалияи касбии ояндаашон дарк намоянд.

Дар векторина 6 факултети донишгоҳ иштирок намуда, аз онҳо дастаҳои мунтахаб фаъолона иштирок намуданд. Муҳити толорро рӯҳияи баланди илмӣ ва рақобати солим фаро гирифта буд. Ҳар як ҷавоби дуруст на танҳо холҳои дастаро зиёд мекард, балки боиси ифтихори факултет ва устодони он мегардид. Комиссияи тадорукот пас аз таҳлили амиқ ва натиҷагирии шаффоф ғолибони мусобиқаи зеҳниро муайян намуд.

Аз натиҷаи ҷамъбасти векторина маълум гардид, ки дастаи “Набзи рақамҳо”-и факултети молия ва қарз бо ба даст овардани 28 бал мақоми аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуюм насиби дастаи “Илмҳои дақиқ”-и факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ бо 24 бал гардид. Мақоми сеюмро бошад, дастаи “Илмҳои дақиқ”-и факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо касби 21 бал соҳиб шуд.

Викторинаи илмии мазкур бори дигар собит сохт, ки донишҷӯёни мо на танҳо дар соҳаи иқтисод, балки дар илмҳои дақиқ низ дорои имконияти бузург мебошанд. Ин зафарҳо ибтидои роҳи нави рушди илм дар донишгоҳ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ДДМИТ дар арсаи ҷумҳуриявӣ мусоидат хоҳанд кард.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» аҳамияти бузурги маърифатӣ дорад. Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар оянда сифати чунин чорабиниҳоро боз ҳам васеътар намуда, ба онҳо унсурҳои технологияҳои иттилоотиро илова намоянд, то ин ки ДДМИТ дар татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи илму маориф ҳамеша намуна бошад.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия