Тибқи нақшаи маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор 1-уми марти соли равон бо иштироки сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, зери унвони «Ахтарони аудит» маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид.

Сарравал роҳбари маҳфил, мудири кафедра А. Баротов доир ба мақсад ва ҳадафи фаъолияти маҳфили «Ахтарони аудит» сухан гуфта, қайд кард, ки иштирок дар маҳфили илмии донишҷӯён қадами аввалин барои оғози корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар чунин маҳфилҳо фаъолона ширкат карда, барои боло бурдани донишҳои самти аудит, густариши ҷаҳонбинӣ ва ба татбиқи самаранок истифодабарии вақти корӣ ноил гарданд.

Маърузачиёни маҳфил: донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-25011100 Эҳсонҷон Холиқулов дар мавзуи “Нақши устувории низоми назорати дохилӣ дар сарфанамоӣ ва самаранок истифодабарии вақти корӣ” ва Саидмумин Акобиров дар мавзуи “Хатари экстремизм ва терроризм ба ҷомеа” зери роҳбарии ассистенти кафедраи аудит ва ревизия Рухшона Саёраева бо истифода аз слайдҳо баромад намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ ва рақобати бозорӣ истифодаи самараноки захираҳо махсусан вақти корӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Вақти корӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии истеҳсолот ба ҳисоб меравад ва идоракунии дурусти он метавонад ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат мусоидат намояд. Дар ин раванд, низоми назоратӣ нақши муҳим мебозад. Устувории чунин низом ба сарфанамоӣ ва истифодаи оқилонаи вақт мусоидат мекунад.

Дар охири маҳфили мазкур байни донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Тағоймурод ЭШЗОДА