Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 1-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 73.2.012.01 ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмии муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ Сангинов Далер Неъматович доир гардид.

Рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯи ихтисоси 5.6.1 - таърихи миллӣ, таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Н.У. дар мавзуи «Таърихи инкишофи мадрасаҳо дар Бухорои Шарқӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик дар охири асри XIX ва аввали асри XX (давраи пеш аз Ҳокимияти Шуравӣ)» омода шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки таҳқиқоти мазкур дорои аҳаммияти муҳими илмӣ буда, муаллиф барои татбиқи амалии натиҷаҳо як қатор тавсияҳои илмӣ-асоснок пешниҳод намудааст.

Дар таҳқиқот мадрасаҳо ҳамчун як низоми муташаккил ва устувори таҳсилоти анъанавӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, заминаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сохтори ташкилӣ, барномаҳои таълимӣ ва нақши онҳо дар рушди маърифат, илм ва фарҳанги халқи тоҷик баррасӣ шудаанд. Муаллиф дар асоси манбаъҳои бой ҳуҷҷатҳои вақфӣ ва дигар маводи хаттӣ нишон медиҳад, ки мадрасаҳо на танҳо муассисаҳои динӣ, балки марказҳои муҳими илму фарҳанг, адабиёт ва ҳифзи мероси маънавии миллат ба шумор мерафтанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот имкон медиҳанд, ки тасаввуроти қаблан мавҷуда дар бораи сатҳи саводнокии халқи тоҷик бознигарӣ гардида, саҳми воқеии мадрасаҳо дар ташаккули зеҳнӣ ва фарҳангии ҷомеа ба таври илмӣ асоснок гардад.

Мо устодону кормандони донишгоҳ, Сангинов Далер Неъматовичро бо ин дастоварди арзандаи илмӣ муборакбод гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва педагогиаш барору комёбиҳои навин таманно дорем. Итминони комил дорем, ки натиҷаҳои ин таҳқиқот дар амал татбиқ гардида, барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот саҳми арзанда мегузоранд.

Тағоймурод ЭШЗОДА