“ДУРАХШИ ИЛМ” ЗАМИНАИ НАВИ РУШДИ ТАФАККУРИ ИЛМӢ
Рӯзи 1 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия маҳфили навбатии илмии донишгоҳии «Дурахши илм» бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни кафедраи андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ паҳлуҳои гуногуни андозбандии байналмилалӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодиро баррасӣ намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов аз рушди маҳфил ёдовар шуда, таъкид кард, ки «Дурахши илм» дар муддати кӯтоҳ тавонист таваҷҷуҳи васеи донишҷӯёнро, бахусус аз курсҳои гуногун ба худ ҷалб намояд. Афзоиши пайвастаи хоҳишмандон ва сатҳи баланди баромадҳо гувоҳи он аст, ки маҳфил тадриҷан ба як минбари муҳимми илмӣ табдил ёфта истодааст.
Ҳамзамон, Қутбиддин Муқимов иттилоъ дод, ки се муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ аз Русия, Қазоқистон ва Белорус аллакай барои ҳамкорӣ ва узвият дар ин маҳфил дархост пешниҳод намудаанд. Дар оянда иштироки онҳо ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуда, замина барои табодули таҷриба ва андешаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам мегардад.
Дар идома сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода аҳамияти чунин маҳфилҳоро дар рушди зеҳнии донишҷӯён муҳим арзёбӣ кард. «Дурахши илм» ҳамчун як механизми муттаҳидсозандаи маҳфилҳои илмӣ амал карда, донишҷӯёни фаъол ва дорои иқтидори баландро ба ҳам меорад. Ҳадафи асосии он, ташаккули тафаккури таҳлилӣ, кашфи чеҳраҳои нави илмӣ ва тақвияти пояи зеҳнии донишгоҳ мебошад.
Дар доираи маҳфил як қатор маърузаҳои ҷолиб ироа гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси андоз ва андозбандӣ Шоҳрамазон Табуров бо маърузаи худ дар мавзуи «Асосҳои андозбандии байналмилалӣ» ба забони русӣ баромад намуд. Номбурда масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамоҳангсозии низомҳои андозбандии кишварҳо, пешгирии андозбандии дукарата ва танзими фаъолияти ширкатҳои трансмиллиро мавриди таҳлил қарор дод. Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт, танзими дурусти сиёсати андозбандии байналмилалӣ метавонад ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин, Шоҳрамазон Табуров ба таҷрибаи давлатҳои пешрафта такя намуда, зарурати мутобиқсозии низоми андозбандии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалиро таъкид кард. Баромади ӯ бо далелҳои мушаххас ва таҳлили амиқ пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.
Маърузаи дигарро донишҷӯи курси чоруми ҳамин ихтисос Манзар Зубайдов бо забони англисӣ пешниҳод намуд. М. Зубайдов мавзуи «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши чунин минтақаҳоро дар рушди иқтисоди миллӣ шарҳ дод. Ба гуфтаи баромадкунанда, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун абзори муҳими ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди инфрасохтор хизмат мекунанд.
М. Зубайдов илова кард, ки дар чунин минтақаҳо барои соҳибкорон шароити мусоид, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ, сабукиҳои гумрукӣ ва расмиёти содакардашуда фароҳам оварда мешавад. Ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии амалкунанда дар кишвар, аз қабили Суғд, Данғара, Панҷ ва Ишкошим ишора намуда, бартариҳои онҳоро барои рушди саноат ва тиҷорат муҳим арзёбӣ намуд. Рушди минбаъдаи чунин минтақаҳо метавонад ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва афзоиши содирот мусоидат намояд. Барои истифодаи пурраи имкониятҳои онҳо зарур аст, ки инфрасохтор ва муҳити сармоягузорӣ боз ҳам такмил дода шавад.
Дар фарҷоми маҳфил байни иштирокчиён мубоҳиса ва саволу ҷавоб ба се забон сурат гирифт. Ин бахш аз ҳама ҷолибу пурмазмун арзёбӣ шуда, нишон дод, ки донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявӣ, балки маҳорати муоширати илмиро низ доро мебошанд.
Дар маҷмуъ, баргузории маҳфили «Дурахши илм» боз як қадами устувор дар самти рушди фаъолияти илмии донишҷӯён, густариши ҷаҳонбинии онҳо ва таҳкими робитаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин гуна иқдомҳо метавонанд дар оянда ба ташаккули мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир мусоидат намоянд.
Н. ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng