Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби воқеии ҳаёт буда, дар он ҷавонписарон на танҳо нозукиҳои омӯзиши ҳарбиро аз худ мекунанд, балки ҳамчун шахсият ташаккул меёбанд. Ин муҳити тарбиявӣ ба онҳо интизом, масъулиятшиносӣ, устуворӣ ва эҳтиромро меомӯзонад. Артиш ҷавононро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ қавӣ мегардонад.

Дар ҳамин асос, 1-уми апрел дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба гусели донишҷӯён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарият, устодон ва донишҷӯён иштирок намуда, ҷавонони даъватшавандаро ба хизмати сарбаландона ҳидоят карданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор даъватшудагонро ба иҷрои содиқонаи қарзи шаҳрвандӣ раҳнамоӣ намуда, афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурифтихорро тай намуда, аз озмоишҳои душвори таърихӣ сарбаландона гузаштааст. Имрӯз Артиши миллӣ ба як неруи тавонои низомӣ табдил ёфта, кафили сулҳу субот ва амнияти кишвар мебошад. Афсарону сарбозони тоҷик бо эҳсоси баланди масъулият барои ҳифзи марзу буми Ватан хизмат мекунанд ва саҳми арзандаи худро дар таъмини амният ва оромии ҷомеа мегузоранд. Аз ин рӯ, пайвастан ба сафи Артиши миллӣ на танҳо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, балки ифтихори ҳар як ҷавони ватандӯст мебошад.

Дар фарҷоми суханронӣ ректори донишгоҳ иброз дошт, ки хизмати ҳарбӣ қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, иҷрои босифати нақшаи даъват ва тарбияи насли ватандӯст аз ҳамкории зичи тамоми сохторҳои дахлдор вобаста мебошад.

Ин иқдом бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардида, иштирокчиёнро ба садоқат ба Ватан ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ раҳнамун гардиданд.

Ҳадаф аз ташкили чунин вохӯрӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими рӯҳияи хештаншиносии миллӣ ва омода намудани хатмкунандагон ба адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ мебошад. Дар баробари ин, чорабинӣ ба арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ҳифзи Ватан равона гардида, ҷавононро ба эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд.

Дар маҷмуъ, баргузории чунин ҷамъомадҳо дар муҳити донишгоҳ на танҳо як иқдоми тарбиявӣ, балки як қадами муҳим дар роҳи омода намудани ҷавонони ватандӯст, бошуур ва масъулиятшинос ба ҳаёти мустақил ва хизмати содиқона ба Ватан мебошад.

Тағоймурод ЭШЗОДА