Рӯзи 1-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии факултети молия ва қарзи ДДМИТ зермаҳфили илмии «Зеҳн» дар мавзуи «Қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм» доир гардид. Дар он устодон, донишҷӯён ва мутахассиси соҳа иштирок намуда, паҳлуҳои гуногуни масъалаи матраҳшударо мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Дар оғози маҳфил сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён, ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ аҳамияти хос дорад.

Ҷовидон Халифазода ба аҳамияти мавзуи интихобшуда ишора намуда, таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳони муосир ҷомеа бо як қатор таҳдидҳои мураккаб, аз ҷумла терроризм, экстремизм, коррупсия ва ҷиноятҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ин гуна хатарҳо хусусияти на танҳо миллӣ, балки минтақавию ҷаҳонӣ дошта, мубориза бо онҳо муносибати ҳамоҳанг, таҳлилӣ ва масъулияти дастҷамъонаро талаб менамояд.

Дар доираи баррасии мавзуъ, сардори хадамоти комплаенси (мувофиқа)-и ҶСП «Ҳумо Бонк» Мансур Раҷабов бо маърузаи муфассал баромад намуда, қайд кард, ки қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда маҷмуи амалиёти молиявӣ ва аҳдҳое мебошанд, ки бо мақсади пинҳон намудани манбаи аслии маблағҳо, тарзи истифода ва мансубияти онҳо анҷом дода мешаванд. Ин раванд, метавонад ба коҳиши шаффофияти иқтисодӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ мусоидат намояд.

Ҳамчунин, Мансур Раҷабов мафҳуми маблағгузории терроризмро шарҳ дода, таъкид кард, ки он фарогири ҳар гуна пешниҳоди мустақим ё ғайримустақими воситаҳои молиявӣ мебошад, ки барои дастгирии фаъолияти террористӣ истифода мешаванд. Ҳатто дар ҳолате, ки маблағҳо бевосита барои амалиёти террористӣ истифода нашаванд, аммо барои омодагӣ, банақшагирӣ ё дастгирии чунин амалҳо равона гарданд, онҳо низ ба категорияи маблағгузории терроризм шомил мегарданд.

Дар қисмати муҳокима устодону донишҷӯён бо баромадҳои худ ширкат намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии масъалаи мазкурро мавриди таҳлил қарор доданд.

Дар фарҷоми маҳфил таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва молиявии ҷавонон нақши муҳим дорад.

Н. ҶОБИРОВ