Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии судманд бо довталабони олимпиадаҳои фаннӣ доир гардид. Дар доираи ин чорабинӣ дастаи олимпии донишгоҳ барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар соли таҳсили 2025-2026 муаррифӣ ва қадрдонӣ гардида, ҳамзамон ба иштирокчиён ва устодони роҳбари онҳо тавсияву таъкидҳои зарурӣ дода шуд.

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов аз номи ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор иштирокчиён ва довталабонро табрик гуфта, бо масъулин ва роҳбарони даста мулоқот анҷом дод. Номбурда зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар сурати ба даст овардани ҷойҳои намоён, на танҳо донишҷӯён, балки устодону роҳбарони илмии онҳо низ аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.

Зикр гардид, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникӣ, инчунин дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба фаъолияти илмӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳамасола донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

С. Мирсаидов, ҳамчунин бо умедворӣ ва эътимоди қавӣ баён кард, ки омодасозии донишҷӯён ба чунин чорабиниҳои муҳими илмӣ ва ғолибият дар онҳо натиҷаи истифодаи самараноки тамоми имкониятҳои мавҷуда мебошад. Муваффақиятҳои бадастомада самараи меҳнати пайвастаи донишҷӯён ва роҳбарони илмии онҳо буда, аз завқу рағбати баланди онҳо ба илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ шаҳодат медиҳад.

Дар идомаи вохӯрӣ таъкид гардид, ки иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар олимпиадаҳои дарпешистода ба таври шоиста ба роҳ монда шуда, умед аст онҳо бо натиҷаҳои назаррас баромад намуда, нуфузу эътибори донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.

Н. ҶОБИРОВ