вохӯрӣ бо намояндаи Агентии таъмини сифат барои таҳсилоти олии Британияи Кабир (QAA)

Санаи 19 марти соли 2026 мулоқоти Сатторзода Бобоҷон ректори Донишгоҳи давлатии молияву иқтисодии Тоҷикистон бо Крис МакИнтайр намояндаи Агентии таъмини сифат барои таҳсилоти олии Британияи Кабир (Quality Assurance Agency for Higher Education – QAA) баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин мулоқот омӯзишу шиносоӣ пайдо намудан ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Агентии таъмини сифат барои таҳсилоти олии Британияи Кабир (Quality Assurance Agency for Higher Education – QAA) маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаи ташаккули сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони дорои донишҳои муосир изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Сатторзода Бобоҷон, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иброз намуд, ки донишгоҳ талош дорад, чиҳати тавсеаву рушди неруи инсонӣ ва амали намудани ҳадафҳои маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муосиртараин имкониятҳои таълимӣ истифода намуда, мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгуйро омода намояд. Ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки расидан ба ҳадафҳои стратегии ташаккули сифати таҳсилот дар заминаи роҳандозии ҳамкориҳо бо муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва омӯзишу тадбиқи таҷрибаи онҳо боз ҳам ҳадафмандтар хоҳад шуд.

Сатторзода Бобоҷон иттилоъ дод, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии худ аз акредитатсияи байналмилалӣ International Quality Accreditation (IQA) – аккредитатсияи институционалии байналмилалӣ ва International Programme Accreditation (IPA) – аккредитатсияи барномаҳои таълимӣ гузаштааст.

Крис МакИнтайр намояндаи Агентии таъмини сифат барои таҳсилоти олии Британияи Кабир дар бораи нақши QAA яке аз бонуфузтарин агентҳои таъмини сифат дар ҷаҳон маълумот дод.

Крис МакИнтайр имкониятҳои QAA-ро барои гузаронидани аккредитатсияи мустақил ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ муаррифӣ намуда, пешниҳод кард, ки барномаҳои таълимӣ дар донишгоҳҳо бояд мувофиқат ва дуалӣ (alignment) дошта бошанд, то ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд. Инчунин, ӯ омодагии худро барои мусоидат дар ташаккули ҳамкориҳои донишгоҳ бо QAA иброз намуд.