ТОҶИКИСТОН ДОРOИ ЗАХИРАҲОИ АЗИМИ ЭНЕРГИЯИ ОБ АСТ
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи садорати факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ оид ба баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯён, 20-уми ноябри соли равон дар назди кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва аъзои маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуъҳои «Таъмини бехатарии обию энергетикӣ» ва «Беҳдошти замин - самти муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ» маҳфили илмӣ баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ Р. Фозилов доир шуд.
Нахуст, Р. Фозилов иброз дошт, ки иқтисоди миллӣ ҳамчун пояи асосии тараққиёти ҳар як давлат дар таъмини устувории ҷомеа ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим нақши калидӣ дорад. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои азими гидроэнергетикӣ буда, имкониятҳои васеи истеҳсол ва содироти неруи барқи арзон, аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд ва аз нигоҳи экологӣ тозаро доро мебошад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки пешрафти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани рақобатпазирии он аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими стратегӣ маҳсуб меёбад.
Сипас, тибқи барномаи маҳфил,донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-26010101 - идораи мақомоти маҳаллӣ Хонзода Муҳамадҷон дар мавзуи «Таъмини бехатарии обию энергетикӣ» ва донишҷӯи курси дуюми ҳамин ихтисос Давлатова Ойгул Маҳмадалиевна дар мавзуи «Беҳдошти замин - самти муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Зимни баррасии мавзуъҳо таъкид гардид, ки рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти энергетикии кишвар пеш аз ҳама ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи обию энергетикӣ вобастагии зич дорад. Дарёҳои бузурги мамлакат, аз ҷумла Панҷ, Вахш, Сирдарё, Амударё, Хингоб ва Сурхоб дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошанд.
Дар анҷоми маҳфили илмӣ миёни иштирокчиён ва маърӯзачиён мубодилаи афкор сурат гирифта, баромадкунандагон ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас доданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng