20 ноябри соли 2026 бо ташаббуси раёсати ташкилию тарбиявӣ ва кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар хобгоҳи №2-и донишгоҳ бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра вохӯрии тарбиявӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади шиносоӣ бо шароити зисти донишҷӯён, баррасии масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон баргузор карда шуд.

Дар оғози вохӯрӣ омӯзгорон аз ҳуҷраҳои истиқоматии донишҷӯён боздид намуда, бо шароити зист, вазъи санитарию гигиенӣ, риояи тартиботи дохилии хобгоҳ ва омодагии донишҷӯён ба машғулиятҳои таълимӣ шинос шуданд. Зимни суҳбат ба масъалаҳои тозагӣ, тартибу низом, масъулиятшиносӣ ва муносибати эҳтиёткорона ба молу мулки ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Нахуст, дотсенти кафедра Нусратзода Муҳаммади Нусрат дар мавзуи «Самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ» суханронӣ намуда, доир ба имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар раванди таълиму омӯзиш ва зарурати истифодаи мақсадноки онҳо андешаронӣ кард.

Сипас, дотсенти кафедра Ҷӯрахонзода Бахтиёр дар мавзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгароёна ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ» баромад намуда, оид ба омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, оқибатҳои хатарноки чунин зуҳурот ва роҳҳои пешгирии онҳо маълумот пешниҳод кард.

Ҳамзамон, омӯзгори кафедра Неъматуллои Мирзошоҳ дар мавзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ» баромад намуда, роҳу усулҳои ҷалб ва фиреби ҷавононро дар фазои маҷозӣ шарҳ дод.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни омӯзгорон ва донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ баргузор гардида, иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуданд. Омӯзгорон ба саволҳои донишҷӯён посух гуфта, ҷиҳати истифодаи самараноки вақт, риояи тартиботи хобгоҳ, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия