17-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Такмили низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ислоҳоти институтсионалӣ, рақамикунонӣ ва механизмҳои таъмини рушди устувор» баргузор гардид.

Дар ҳошияи конференсия, ба меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ ҳамчун рамзи эҳтиром, хотира ва қадрдонӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.