Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО бо ташаббуси раёсати ташкилию тарбиявӣ ва раёсати хоҷагидории донишгоҳ 27-уми ноябри соли равон мулоқоти намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва ГВМ»-и шаҳри Душанбе бо донишҷӯён доир гардид.

Дар мулоқот намояндагони соҳаи тиб Эмомалӣ Шарипов, Комрон Авғонзода, Нигина Камолова ва Сайлигул Бобоева иштирок намуда, дар мавзуи «ВНМО танҳо масъалаи тиббӣ нест» андешаҳои худро баён карданд.

Нахуст, ҳамшираи тиббии донишгоҳ Меҳрона Ҳакимова иброз дошт, ки донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, мубориза бо одатҳои номатлуб, аз ҷумла нашъамандӣ, ва баланд бардоштани маърифати солимии ҷомеа масъулияти муҳим доранд.

Ҳамчунин, мавсуф дар бораи одобу ахлоқи ҷавонон, нақши онҳо дар бунёди ояндаи кишвар, тарбияи масъулиятшиносӣ, риояи интизом, дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат ва зарурати ҳушёрию зиракии сиёсӣ андешаронӣ намуд.

Мутахассисони соҳаи тиб зимни баромадҳои худ оид ба роҳҳои сироятёбӣ, хусусиятҳои бемории ВНМО, аломатҳо ва усулҳои пешгирии он маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Қайд гардид, ки ВНМО вирусест, ки ба низоми масунияти бадани инсон таъсир расонида, ҳуҷайраҳои масъули муҳофизати организмро осеб мерасонад. Беморӣ метавонад дар марҳилаҳои аввал бе нишона ҷараён гирад, аз ин рӯ, ташхиси саривақтӣ ва огоҳӣ аз роҳҳои пешгирии он аҳаммияти махсус доранд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар давраи солҳои 1991-2026 дар ҷумҳурӣ 4039 нафар мубталои ВНМО ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 2664 нафарро мардон ва 1375 нафарро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, 306 нафар аз гирифторонро шахсони то 18-сола ташкил медиҳанд. То имрӯз 1142 нафар аз мубталоён фавтидаанд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки истеъмоли маводи нашъадор ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонида, яке аз омилҳои муҳими паҳншавии сирояти ВНМО ба шумор меравад. Аз ин рӯ, пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз вазифаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб меёбад.

Баромадкунандагон дар мавзуи тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирии бемориҳои сил, ВНМО ва нашъамандӣ андешаҳои судманд баён намуда, ба донишҷӯён тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.

Сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Исматулло Ҷумаев низ зимни суханронӣ оид ба зарурати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ ибрози назар карда, ҷавононро ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ҳифзи саломатӣ ва масъулиятшиносӣ даъват намуд.

Дар идомаи мулоқот миёни мутахассисони соҳаи тиб ва донишҷӯён дар мавзуи ВНМО ва СПИД саволу ҷавоб баргузор гардида, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд. Донишҷӯёне, ки дар муҳокима фаъолона иштирок намуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ва ҳамшираҳои тиббии донишгоҳ омӯзгорону донишҷӯён аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба роҳҳои пешгирии ВНМО, бемории сил ва нашъамандӣ тақдим карда шуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА