13 октябри соли 2026 бо ташаббуси устодони кафедраи забони тоҷикӣ дар хобгоҳи №2-и ДДМИТ дарси кушод дар мавзуи «Забони давлатӣ - ифтихор ва сарвати бебаҳои миллати тоҷик» доир гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, тарғиби фарҳанги суханварӣ ва таҳкими эҳтироми донишҷӯён нисбат ба забони модарӣ баргузор карда шуд.

Устодони кафедраи забони тоҷикӣ доир ба мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ, нишонаи ҳувияти миллӣ ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки забон яке аз муқаддасоти миллӣ буда, дар ҳифзи таърих, фарҳанг, анъана ва арзишҳои маънавии ҳар як миллат нақши муҳим дорад.

Инчунин, таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи миллат бояд дар омӯзишу истифодаи дурусти забони давлатӣ масъулияти баланд дошта бошанд ва барои покизагии забони модарӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия