Озмоишгоҳи гумрукӣ
Озмоишгоҳи гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Дар санаи 20 декабри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави таълимии Донишгоҳ, аз ҷумла Озмоишгоҳи гумрукӣ мавриди амал қарор дода шуд.
Боиси ифтихор аст, ин Рӯз барои Донишгоҳи мо Рӯзи таърихӣ буд. Роҳбари давлати тоҷикон аввалин маротиба ба Донишгоҳи мо ташриф оварданд. Дар ин Рӯзи фаромӯшнашаванда бори нахуст дар байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҷумҳуриямон Озмоишгоҳи гумрукии ба талаботи муосири стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор дода шуд.
Дар асоси иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати дар раванди дарсҳо назарияро бо амалия мутобиқ сохтан озмоишгоҳи гумрукии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯйро таъсис дод. Барои дастрас намудан ва ҷиҳозонидани озмоишгоҳи гумрукӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ҷалби «Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастгоҳҳои техникии назорати гумрукиро харидорӣ намудааст, ки назир надоранд.
Озмоишгоҳи гумрукӣ аз ду қисмат иборат аст.
Қисмати якум - Сохтори дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ бо нишон додани инфрасохтори он, аз ҷумла минтақаи назорати гумрукӣ, долонҳои сабз ва сурх бо ишораҳояшон (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), дастгоҳи Металлодетектори тамғаи UItraScan S1000 ҷиҳати муайян кардани ҳар гуна металлҳо (фулузот), дастгоҳи рентгении намуди Интроскоп Eastimage барои муайян назорати боғоҷи дастӣ (бе кушодани боғоҷ) ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии мусофирон ва боғоҷи онҳо иборат мебошад.
Дар ин қисмат тартиби барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии мусофирон ва боғоҷи онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ бо истифода аз воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, инчунин, шаклҳои декларатсиякунонии гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ омӯзонда мешавад. Чунин тартиби барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии мусофирон ва боғоҷи онҳо мутобиқи Конвенсияҳои байналмилалӣ дар ҳама кишварҳои ҷаҳон якхелаанд.
Қисмати дуюми Озмоишгоҳи гумрукӣ, азхуд намудани сохт ва тарзи истифодабарии Воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадӣ мебошад.
Айни замон дар Озмоишгоҳи гумрукӣ воситаҳои техникиии зерин мавҷуданд, ки донишҷӯён сохт ва тарзи истифодабарии онҳоро меомӯзанд. Аз ҷумла:
- воситаҳои техникии назорати гумрукии намуди Металлодетектори тамғаи UItraScan S1000:
- дастгоҳи рентгении намуди Интроскоп Eastimage EI-5030;
- Металодетектори дастии намуди GARRETT SUPER SCANNERV;
- детектори намуди DME-03 барои муайян кардани металлҳои қамматбаҳо ва омехтаи онҳо;
- комплекти махсус барои муоинаи гумрукии воситаҳои нақлиёт намуди КДИ-2М (Гастроль-П);
- детектори сангҳои қимматбаҳо тамғаи PRESIDIUMGemTesterII;
- детектори асъор намуди ST-V100;
Боиси ифтихор аст, ки дар байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар ин аввалин Озмоишгоҳи гумрукии ҷавобгӯй ба талаботи муосири стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Тибқи бандҳои 10 ва 11 нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2023 таҳти №24/10-11 “Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе 20 декабри соли 2022 баён доштанд” Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки:
- ҳамкориро бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти омода намудани кадрҳои соҳавӣ ва интихобу ба кор ҷалб кардани онҳо ба роҳ монад;
- фаъолияти Озмоишгоҳи гумрукиро дар самти гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, ҷорӣ кардани усулҳои самарабахш дар раванди таълим, роҳандозӣ намудани тадқиқоти илмӣ ва таъсис додани гурӯҳҳои илмӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад.
Бо дарназардошти супоришҳои дар боло овардашудаи Пешвои миллат, аз тавозуни Хадамоти гумрук ба тавозуни донишгоҳ як чанд адад таҷҳизотҳои техникии назорати гумрукӣ гузаронида шудааст (тибқи қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023 таҳти №267).
Аз ҷумла,
- комплект барои муайян кардани қочоқ намуди СТ-30;
- дозиметр-радиометр МКС-РМ1410Р;
- камераи назоратӣ (муоинавӣ);
- комплекти таълимии намоишӣ оид ба молҳои таъйиноти дуҳадафа;
- асбоб ва дастгоҳ оид ба маълум кардан ва чен кардани нурҳои иондор, ченкунак-сигналдиҳандаи намудаи ИСП-РМ1704М (2 адад);
- дастгоҳи рефрежерант-ҳаммонандкунанда.
Ба ғайр аз машғулиятхои амалӣ, ҳамасола донишҷӯёни курсҳои дуюми (шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ) ихтисосҳои 1-960101-хадамоти гумрук, 1-96010101-таъмини ҳукукии фаъолияти гумруки, 1-96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, 1-96010103 -бехатарии иктисодӣ ва 125010409-молия ва назорат дар сохаи фаъолияти гумрук таҷрибаомӯзии таълимиро дар Озмоишгоҳи гумрукӣ тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи муовини якум, муовини ректор оид ба таълим мегузаранд.
Дар рафти машғулиятҳо донишҷӯён бо таҷҳизотҳои техникии мавҷудбуда ва тарзи истифодабарии онҳо, шаклҳои назорати гумрукӣ ва дигар амалҳои фаъолияти гумрукӣ шиносоӣ пайдо карданд.
Дар Озмоишгоҳи мазкур донишҷӯён имкон доранд, ки ҷиҳати татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия бо фаъолияти соҳаи мақомоти гумрук пурра шинос гарданд ва ҳамчун мутахассиси баландпояи соҳа дар оянда фаъолияти босамар намоянд.
Мутассадии Озмоишгоҳи гумрукӣ, дотсент Мираков Қ. М.
Тоҷ
Рус
Eng