ОЗМОИШГОҲИ МУҲОСИБӢ
Санаи 20 декабри соли 2022 барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Рӯзи таърихӣ буд, зеро аввалин маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади ифтитоҳи бинои нави таълимӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Дар ин Рӯзи фаромӯшнашаванда дар ошёнаи якуми бинои таълимӣ озмоишгоҳҳои гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ, бонкӣ ва муҳосибии ба талаботи муосири меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳадаф аз бунёди чунин озмоишгоҳҳо татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодасозии мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯи соҳаҳои молия, бонкдорӣ, муҳосибӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ва дар ин замина ба ҷараёни таълим мутобиқсозии донишҳои назариявӣ бо амалия мебошад.
Тибқи бандҳои 10 ва 11 нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2023 таҳти №24/10-11 “Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 декабри соли 2022 зимни боздид аз як қатор иншоотҳои шаҳри Душанбе баён доштанд”, вазорату идораҳо ва бонкҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҳамкориро бо донишгоҳу донишкадаҳо дар самти омода намудани кадрҳои соҳавӣ ва интихобу ба кор ҷалб кардани онҳо ба роҳ монанд.
Бо назардошти дастуру супоришҳои дар боло овардашудаи Пешвои миллат Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сарпарасти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мутахассисонашро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳисобдорӣ - чӣ дар бахши давлатӣ ва чӣ дар бахши хусусӣ - дар ҳамин озмоишгоҳи муҳосибӣ перомуни навгониҳои соҳаи ҳисобдорӣ ва қабули имтиҳонҳои муҳосибону аудиторон ба таври густурдаву пайваста семинару дарсҳои амалӣ баргузор намоянд.
Озмоишгоҳи муҳосибӣ дар бинои №3, синфхонаи №105 ошёнаи якум ҷойгир буда, бо як адад планшети деворӣ, 30 адад компютер (моноблок) ва овезаҳо оид ба мафҳумҳои асосии соҳаи ҳисобдорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар компютерҳои озмоишгоҳ барномаи муҳосибии 1С-Бухгалтерия (версияи 8.3 таҳрири 2.0) ва TFIMis бо модулҳои иловагияш насб карда гардидааст. Ҳамчунин, дар озмоишгоҳ таълими фанҳои дарсҳои “1С-муҳосибот”, “Амалияи муҳосибӣ”, “Баҳисобгирии молиявӣ”, “Баҳисобгирии идоракунӣ” ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари роҳандозии машғулиятҳои амалӣ ҳамчунин, ҳамасола донишҷӯёни курсҳои дуюми (шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ) тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ ихтисосҳои марбут ба кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ таҷрибаомӯзии таълимиро дар Озмоишгоҳи муҳосибӣ мегузаранд.
Дар рафти машғулиятҳо донишҷӯён барномаҳои компютерии муҳосибиро аз худ намуда, услуби тайёр кардани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботҳои молиявии муҳосибиро меомӯзанд.
Дар озмоишгоҳи муҳосибӣ донишҷӯён имкон доранд, ки донишҳои назариявии худро сайқал дода, онро дар амалияи ҳисобдорӣ татбиқ созанд ва минбаъд ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳа босамар фаъолият намоянд.
Тоҷ
Рус
Eng