Дар санаи 20 декабри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави таълимии Донишгоҳ, аз ҷумла Озмоишгоҳи бонки таълимӣ мавриди амал қарор дода шуд.

Боиси ифтихор аст, ин Рӯз барои Донишгоҳи мо Рӯзи таърихӣ буд. Роҳбари давлати тоҷикон аввалин маротиба ба Донишгоҳи мо ташриф оварданд. Дар ин Рӯзи фаромӯшнашаванда бори нахуст дар байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҷумҳуриямон Озмоишгоҳи гумрукии ба талаботи муосири стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор дода шуд. 

 Дар асоси иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати дар раванди дарсҳо назарияро бо амалия мутобиқ сохтан ва ба{ри омодасозии кадр{ои баландихтисоси со{аи молия ва бонкдорb ва дар ин замина мусоидат намудан ба пешрафти иrтисоди кишвар озмоишгоҳи бонки таълимӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯйро таъсис дод.

Тибқи бандҳои 10 ва 11 нақшаи чорабиниҳои  Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2023 таҳти №24/10-11 “Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе 20 декабри соли 2022 баён доштанд” вазорату идораҳо ва бонкҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҳамкориро бо донишгоҳу донишкадаҳо дар самти омода намудани кадрҳои соҳавӣ ва интихобу ба кор ҷалб кардани онҳо ба роҳ монад.

Фаъолияти Озмоишгоҳи бонки таълимиро дар самти гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, ҷорӣ кардани усулҳои самарабахш дар раванди таълим, роҳандозӣ намудани тадқиқоти илмӣ ва таъсис додани гурӯҳҳои илмӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад.

Бо дарназардошти супоришҳои дар боло овардашудаи Пешвои миллат Донишгоҳ давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамкориро бо КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоxикистон «Амонатбонк»» ба роҳ монда, ҷиҳати омодасозии кадр{ои баландихтисоси со{аи бонкдорb ва дар ин замина мусоидат намудан ба пешрафти иrтисоди кишвар моҳе як маротиба аз ҷониби мутахассисони бо КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ба донишҷўён дарсҳои амалӣ гузаронида мешаванд.

Озмоишгоҳи бонки таълимӣ дорои як қатор таҷҳизотҳои зарурӣ дар самти баргузор намудани дарсҳои амалӣ мебошад:

  • Планшети деворӣ;
  • Ноутбук (тамғаи HP);
  • Ҷевони китобгузорӣ, мизи курсиҳо ва овезаҳо бо таблиғи КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»;

Ба ғайр аз машғулиятхои амалӣ, ҳамасола донишҷӯёни курсҳои дуюми (шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ) ихтисосҳои 1-25010402-кори бонкӣ таҷрибаомғзии худро дар Озмоишгоҳи бонки таълимӣ тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ, мегузаранд. 

Дар рафти машғулиятҳо донишҷӯён бо таҷҳизотҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дар амалия истифодашавандаи соҳаи бонкдории мавҷудбуда ва ва дигар амалиётҳои фаъолияти бонки таълимӣ шиносоӣ пайдо мекунанд.  

Дар Озмоишгоҳи мазкур донишҷӯён имкон доранд, ки ҷиҳати татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия ва бо фаъолияти соҳаи бонкдорӣ пурра шинос гардида, ҳамчун мутахассиси баландпояи соҳа дар оянда фаъолияти босамар намоянд.