Озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тавсеаи равандҳои рақамикунонии соҳаи маориф ва амалисозии Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон лоиҳаи грантии махсусро татбиқ карда шуд. Лоиҳаи грантии махсус дар заминаи консорсиуми байналхалқӣ татбиқ карда мешавад, ки ба он донишгоҳҳои Германия, Словения, Украина ва Тоҷикистон шомил мебошанд. Дар доираи лоиҳаи мазкур, дар заминаи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ ташкил гардид, ки он дорои таҷҳизотҳои замонавӣ, аз қабили 12 адад компютерӣ, 1 адад принтери ранга, 2 адад принтери бисёрфуксионалӣ, 1 адад планшети деворӣ, 2 адад камераи замонавӣ барои сабти раванди дарсҳо ва чорабиниҳо, 1 адад суратгирак мебошад.
Ҳамчунин, дар рафти татбиқи лоиҳа 36 нафар устоди донишгоҳ аз курсҳои такмили иҳтисоси донишгоҳҳои хориҷӣ гузаронида шуда, магистрону донишҷӯён бо принсипҳои асосии ташкили таҳсилоти инклюзивӣ ошноӣ пайдо карданд.
Озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ 22 декабри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии «Иқтисодиёти рақамӣ» ифтитоҳ карда шуд, ки бо таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионӣ ва дастгоҳҳои сабти видео ва аудиолексияҳо муҷаҳҳаз мебошад. Қобили қайд аст, ки озмоишгоҳ бо тарҳи замонавӣ таъсис дода шуда, аз нигоҳи технологӣ ва методӣ маркази мукаммали таълимию таҷрибавӣ ба ҳисоб меравад.
Таъсиси озмоишгоҳи мазкур имкон дод, ки раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, баргузории озмунҳо, чорабиниҳои илмӣ ва викторинаҳои тахассусӣ бахшида шуда, боиси баланд гардидани сатҳу сифати таълим равона гарадидааст. Дар баробари ин, таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки аз ҷониби донишҷуёни зинаи бакалавирят ва магистрон таҳқиқотҳои илмии сатҳи мубрам, аз он ҷумла бо таъсиси гурӯҳҳои илмӣ ташкил ва амалӣ карда шуда истодаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки баъд аз таъсиси озмоишгоҳи “Иқтисоди рақамӣ” донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Айни замон дастаи олимпии факултет дар ду баст барои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳо дар озмоишгоҳи мазкур омодагӣ дида истодаанд.
Тоҷ
Рус
Eng