ЭЪЛОН Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар расонида мешавад, ки ...
рӯзҳои 24-25-уми апрели соли 2026 бо ташаббуси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДМИТ озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад. Ин иқдом дар такя бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу донишу малакаи ҷавонон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.
Барои маълумоти бештар метавонед ба кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ бо нишонии ш. Душанбе, к. Нахимов 64/14, Е-mail:
Тоҷ
Рус
Eng