Раёсати илм ва инноватсия ба диққати ҳамаи донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони донишгоҳ мерасонад, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-950 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат» дар соли 2026 бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо даври донишгоҳии озмуни мазкурро санаи 7-уми апрели соли 2026 соати 9:00 дар толори конфронсиии донишгоҳ баргузор менамояд..

Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия миёни хонандагон, донишҷӯён (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронида мешавад:

— математика (арифметика, алгебра, геометрия);

 — физика ва астрономия;

— химия;

— биология (ботаника, зоология, анатомия);

— география;

— технологияи иттилоотӣ;

— зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;

— ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Эзоҳ: Маълумоти иловагиро метавонед аз раёсати илм ва инноватсия дастрас намоед.