Иқтисоди пешрафта бе ташаббуси соҳибкорӣ, навоварӣ ва фаъолияти фаъоли бахши хусусӣ тасаввурнопазир аст. Соҳибкорӣ имрӯз на танҳо манбаи даромад, балки яке аз омилҳои муҳими рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоя, таҳкими рақобатпазирӣ ва афзоиши иқтидори иқтисодии кишвар ба шумор меравад.

Дар Тоҷикистон низ рушди соҳибкорӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқию иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва густариши ҳамкории давлату бахши хусусӣ тадбирҳои гуногун амалӣ гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» низ муносибатҳои вобаста ба ҳимоя, дастгирии давлатӣ ва рушди соҳибкориро ба танзим дароварда, кафолатҳои давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян менамояд.

Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон марҳилаи нави давлатдориро оғоз бахшида, ҳамзамон барои гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ташаккули бахши хусусӣ замина гузошт. Дар ин раванд соҳибкор тадриҷан ба яке аз иштирокдорони фаъоли ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар табдил ёфт. Имрӯз фаъолияти соҳибкорӣ бо истеҳсолот, хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷалби сармоя, рушди минтақаҳо ва таҳкими бозори дохилӣ робитаи мустақим дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 14 октябри соли 2014 зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон нақши онҳоро дар рушди иқтисодиёти мамлакат махсус таъкид намуда, соҳибкорону сармоягузоронро «қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва нерӯи созандаву ободкори Ватан» номиданд. Дар ҳамон мулоқот шиори «Соҳибкорӣ - муҳаррики иқтисодиёт» пешниҳод гардид. Ин таъкид дар солҳои минбаъда бо самтҳои мушаххаси сиёсати иқтисодӣ - рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, саноатикунонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими шарикии давлату бахши хусусӣ пайванди бештар пайдо кард.

Натиҷаҳои рушди иқтисодӣ низ аҳамияти ин равандро нишон медиҳанд. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар соли 2025 дар Тоҷикистон 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, ҳаҷми сармояи хориҷии воридшуда ба 59,5 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 35 фоиз зиёд мебошад. Чунин нишондиҳандаҳо дар баробари дигар омилҳо зарурати омода намудани соҳибкорони дорои ҷаҳонбинӣ, донишҳои иқтисодӣ, малакаҳои идоракунӣ ва қобилияти фаъолият дар муҳити рақобатиро бештар мегардонанд. Зеро соҳибкории муосир танҳо бо доштани сармоя маҳдуд намешавад. Барои ба роҳ мондани фаъолияти самаранок соҳибкор бояд бозорро таҳлил карда тавонад, хавфҳоро дуруст арзёбӣ намояд, аз технологияҳои нав истифода барад, қонунгузориро донад, фарҳанги идоракунӣ дошта бошад ва ба тағйироти иқтисодӣ сари вақт мутобиқ шавад. Аз ин рӯ, илм ва маориф дар ташаккули чунин муҳити соҳибкорӣ нақши муҳим доранд.

Дар ин раванд муассисаҳои таҳсилоти олии иқтисодӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, рисолати муҳим бар дӯш доранд. Кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории донишгоҳ дар баробари таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, такмили заминаҳои методӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Кафедра дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз 20 номзади илмҳои иқтисодӣ, 5 доктори илмҳои фалсафа (PhD) ва 2 доктори илмҳои иқтисодиро омода кардааст.

Дар ҳошияи таҷлили пуршукӯҳ аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон суҳбат дар бораи соҳибкорӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Зеро рушди соҳибкорӣ ҳамзамон масъалаи рушди иқтисоди миллӣ, истифодаи имкониятҳои дохилӣ, ташаккули ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ ва тарбияи насли нави соҳибкорони донишманду ташаббускор мебошад.

Ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола дар Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат таҷлил мегардад, сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Муҳаммадалӣ Очилдиев бо устоди кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Суннатулло Нуриддинов, ки солҳо мудирии кафедраи мазкурро ба зимма доштаву дар тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа саҳми арзанда доранд, перомуни ҷойгоҳи соҳибкорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, сиёсати давлатӣ дар ин самт, саҳми соҳибкорон дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, нақши илму маориф дар омода намудани мутахассисони соҳа ва дурнамои рушди соҳибкории муосир суҳбат намуд.

- Суннатулло Зубайдуллоевич, агар аз маҷмуи масъалаҳои муҳим оғоз кунем, соҳибкорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ ҷойгоҳ дорад?

- Соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ яке аз пояҳои муҳими фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Дар Тоҷикистон низ ташаккули соҳибкорӣ бо раванди гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти иқтисодӣ робитаи мустақим дорад. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳибкорон дар таъсиси корхонаҳо, рушди истеҳсолот, хизматрасонӣ, савдо, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, коркард ва истихроҷи металҳои ранга ва дигар соҳаҳо саҳм гузоштанд. Аммо ҷойгоҳи соҳибкорро танҳо бо шумораи корхонаҳо ё ҳаҷми фаъолияти молиявӣ чен кардан дуруст нест. Ҳар як корхонаи фаъол — ҷойи кор, маҳсулот, хизматрасонӣ, андозсупорӣ, истифодаи захираҳо ва ҳаракати иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, соҳибкории солим ба рушди иқтисодӣ таъсири мустақим ва ғайримустақим мерасонад. Дар марҳилаи имрӯза бошад, талабот ба соҳибкории истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва рақобатпазир бештар мегардад. Соҳибкор бояд на танҳо молу хизматрасонӣ пешниҳод кунад, балки ба бозор бо сифати баланд, технологияи нав ва маҳсулоти рақобатнок ворид шавад.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба саҳми соҳибкорон дар рушди кишвар таъкид кардаанд. Ба андешаи Шумо, ин арзёбӣ аз чӣ сарчашма мегирад?

- Ин арзёбӣ пеш аз ҳама ба нақши воқеии бахши хусусӣ дар иқтисодиёт вобаста аст. Ҳанӯз дар мулоқоти 14 октябри соли 2014 бо соҳибкорону сармоягузорон Президенти мамлакат соҳибкоронро «қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва нерӯи созандаву ободкори Ватан» номиданд ва шиори «Соҳибкорӣ - муҳаррики иқтисодиёт»-ро пешниҳод карданд. Ин таъкид моҳияти иқтисодии соҳибкориро хеле дақиқ ифода мекунад. Соҳибкор бо ташаббуси шахсӣ сармоя, меҳнат, дониш, технологияи муосир ва захираҳоро ба фаъолияти иқтисодӣ ворид намуда, дар сурати самаранок будани фаъолият арзиши нав ба вуҷуд меорад. Муҳим он аст, ки ин муносибат ба соҳибкорӣ дар сиёсати иқтисодӣ низ инъикос ёфтааст. Дастгирии бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби сармояи мустақим ва густариши ҳамкории давлату бахши хусусӣ ба самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ табдил ёфтаанд.

- Агар ба солҳои соҳибистиқлолӣ назар кунем, саҳми соҳибкоронро дар рушди иқтисодии мамлакат аз кадом самтҳо бештар метавон мушоҳида кард?

- Ин саҳмро дар чанд самти асосӣ метавон дид. Пеш аз ҳама, соҳибкорӣ ба ташаккули муҳити нави иқтисодӣ ва пайдо шудани табақаи соҳибкорон ҳамчун иштирокдорони фаъоли муносибатҳои бозорӣ мусоидат намуд. Самти дигар, таъсиси корхонаҳо ва ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ин масъала махсусан барои минтақаҳо аҳамияти калон дорад, зеро корхонаҳои нав метавонанд фаъолияти иқтисодиро дар маҳалҳо фаъол гардонанд. Ҳамчунин, рушди истеҳсолоти дохилӣ муҳим аст. Агар ашёи хом дар дохили кишвар коркард шуда, ба маҳсулоти тайёр табдил ёбад, арзиши иловашуда дар дохили иқтисоди миллӣ боқӣ мемонад. Ҷалби сармоя ва технология, рушди рақобат ва ворид намудани таҷрибаи нав ба иқтисодиёт низ аз самтҳои муҳими саҳми соҳибкорон мебошанд.

- Имрӯз дар назди соҳибкорон вазифаи рушди истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ низ меистад. Ин самт чӣ аҳамият дорад?

- Барои иқтисоди миллӣ муҳим аст, ки қисми бештари занҷираи истеҳсолӣ дар дохили кишвар ташаккул ёбад. Агар ашёи хом содирот шуда, маҳсулоти тайёр ворид карда шавад, қисми асосии арзиши иловашуда берун аз кишвар ташаккул меёбад. Баръакс, коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат имкон медиҳад, ки истеҳсол, ҷойҳои корӣ, даромад ва имконияти содирот афзоиш ёбад. Аз ин рӯ, соҳибкории истеҳсолӣ бояд ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳибкорон табдил ёбад. Дар ин раванд истифодаи технологияҳои муосир, сарфаи захираҳо, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва мутобиқсозии он ба талаботи бозор аҳамияти калон дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2025 дар кишвар 400 ва дар шаш моҳи соли равон 191 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст. Ин раванд зарурати рушди минбаъдаи истеҳсолоти рақобатпазир ва ҷалби сармоя ба иқтисоди воқеиро боз ҳам муҳимтар месозад.

- Нақши сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар фароҳам овардани муҳити мусоид чӣ гуна аст?

- Фазои мусоиди соҳибкорӣ бе заминаи ҳуқуқию иқтисодии устувор ташаккул намеёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои такмили қонунгузорӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва осон намудани дастрасии соҳибкорон ба хизматрасониҳо тадбирҳои гуногун амалӣ шудаанд. Ҳамзамон, имрӯз дастрасӣ ба маблағгузорӣ, технология, иттилоот ва бозорҳои дохиливу хориҷӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Яъне дастгирии давлатӣ бояд ба фароҳам овардани шароите мусоидат кунад, ки соҳибкор тавонад неруи худро ба истеҳсол, навоварӣ ва рушди фаъолияти худ равона намояд. Аммо ин раванд танҳо бо дастгирии давлат маҳдуд намешавад. Аз худи соҳибкор низ масъулияти бештар талаб мегардад: риояи қонун, муносибати масъулона ба кормандон, таъмини сифати маҳсулот, пардохти уҳдадориҳои андозӣ ва рақобатпазир нигоҳ доштани фаъолияти худ.

- Шарикии давлат ва бахши хусусӣ то чӣ андоза метавонад ба рушди соҳибкорӣ мусоидат кунад?

- Давлат ва бахши хусусӣ вазифаҳои гуногун доранд, вале дар масъалаҳои рушди иқтисодӣ метавонанд манфиатҳои муштарак дошта бошанд. Давлат заминаи ҳуқуқӣ, инфрасохтор ва сиёсати иқтисодиро таъмин мекунад. Соҳибкор бошад, сармоя, ташаббус, идоракунӣ ва масъулияти тиҷоратиро ба истеҳсол ё хизматрасонӣ равона месозад. Ҳамкории дуруст метавонад имкониятҳои мавҷударо самараноктар истифода кунад. Хусусан дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, рушди истеҳсолот, таҷдиди корхонаҳо ва ҷалби сармоя чунин ҳамкорӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.

- Кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар омода намудани мутахассисони ин соҳа чӣ нақш дорад?

- Вазифаи асосии кафедра омода намудани мутахассисест, ки донишҳои назариявиро дар фаъолияти воқеии иқтисодӣ татбиқ карда тавонад. Таърихи кафедра аз соли 2009 оғоз шуда, баъди тағйироти сохтории муассиса соли 2018 бо номи имрӯза фаъолияташро дар сохтори факултети иқтисод ва бизнес идома дод. Имрӯз мо дар баробари фаъолияти таълимию методӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омода намудани кадрҳои илмӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳем. Натиҷаи ин фаъолият аст, ки то имрӯз зиёда аз 20 номзади илмҳои иқтисодӣ, 5 доктори илмҳои фалсафа (PhD) ва 2 доктори илмҳои иқтисодӣ омода шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки кафедра на танҳо як сохтори таълимӣ, балки муҳити муайяни илмӣ низ ташаккул додааст.

- Барномаҳои таълимии кафедра то чӣ андоза ба талаботи бозори меҳнат мутобиқанд?

- Мо кӯшиш мекунем, ки муҳтавои таълим аз иқтисоди воқеӣ қафо намонад. Айни ҳол аз рӯйи ихтисосҳои иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна ва идораи давлатӣ мутахассис омода карда мешавад. Ҳамзамон, бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат таҳияи барномаҳои се ихтисоси нав: «Иқтисодиёт ва молияи бозори амвол ва манзил», «Иқтисодиёт ва молияи корхонаҳои хоҷагии шаҳр» ва «Иқтисодиёт ва молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ» идома дорад. Азбаски иқтисодиёт пайваста тағйир меёбад, низоми таҳсилот низ бояд ба ин тағйирот посух диҳад. Соҳаҳои амвол, хоҷагии шаҳрӣ ва манзилию коммуналӣ ба мутахассисони дорои донишҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва идоракунӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, ихтисоси нав бояд ҷавоб ба эҳтиёҷи воқеии бозори меҳнат бошад.

- Рақамикунонӣ ба фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ чӣ тағйир ворид кардааст?

- Қоидаи бозӣ дигар шудааст. Рақамикунонӣ тарзи идоракунӣ, ҳисобдорӣ, маркетинг, хизматрасонӣ ва муносибати соҳибкорро бо бозор тағйир медиҳад. Имрӯз соҳибкор бояд на танҳо ҳисобу китоб, балки маълумот, технология ва бозори рақамиро низ хуб дарк кунад. Истифодаи платформаҳои рақамӣ, таҳлили маълумот, пардохтҳои ғайринақдӣ ва тиҷорати электронӣ метавонанд самаранокии фаъолияти соҳибкориро баланд бардоранд. Аз ин рӯ, мутахассиси нав бояд иқтисодро бо технология пайванд дода тавонад. Саводи рақамӣ ба яке аз ҷузъҳои муҳими рақобатпазирии соҳибкори муосир табдил ёфтааст.

- Барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ кадом самтҳоро муҳимтар меҳисобед?

- Пеш аз ҳама, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, коркарди ашёи хоми ватанӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, рушди соҳибкории инноватсионӣ ва густариши содирот. Муҳим он аст, ки сармоя ба соҳаҳое равона шавад, ки арзиши иловагӣ эҷод мекунанд ва ба иқтисоди миллӣ таъсири дарозмуддат мерасонанд. Соҳибкор бояд на танҳо маҳсулот истеҳсол кунад, балки сифати онро баланд бардорад, бозорҳои навро омӯзад ва барои рақобат дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ омода бошад.

- Соҳибкории занон ва ҷавононро чӣ гуна метавон бештар тақвият бахшид?

- Барои рушди соҳибкории занон ва ҷавонон пеш аз ҳама муҳити дониш, дастрасӣ ба иттилоот, машварат, омӯзиши молиявӣ ва имконияти дастрасӣ ба манбаъҳои маблағгузорӣ муҳим аст. Донишгоҳ метавонад дар ин раванд ҳамчун майдони омодагӣ ва ташаккули идеяҳои соҳибкорӣ хизмат кунад. Агар донишҷӯ дар давраи таҳсил имконият пайдо кунад, ки идеяи худро ба бизнес-нақша табдил диҳад, онро аз ҷиҳати иқтисодӣ арзёбӣ намояд ва роҳҳои татбиқашро омӯзад, барои фаъолияти мустақилона омодагии бештар пайдо мекунад. Тафаккури соҳибкорӣ пеш аз ҳама қобилияти дидани имконият, муайян кардани мушкилот ва пешниҳоди роҳи ҳалли он мебошад.

- Соҳибкорӣ танҳо фаъолияти иқтисодӣ нест. Масъулияти иҷтимоии соҳибкори муосирро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

- Натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ метавонад аҳамияти иҷтимоӣ низ дошта бошад. Корхонаи устувор ҷойи кор фароҳам меорад, ба рушди маҳал мусоидат мекунад ва дар доираи қонунгузорӣ уҳдадориҳои худро иҷро менамояд. Албатта, соҳибкорон метавонанд дар корҳои ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҷомеа низ саҳм гузоранд. Вале масъулияти иҷтимоӣ пеш аз ҳама аз масъулияти иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ оғоз мешавад: фаъолияти шаффоф, муносибати масъулона ба кормандон, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва риояи талаботи қонун. Аз ин лиҳоз, соҳибкори муосир пеш аз ҳама бояд донишманд, ташаббускор, масъулиятшинос ва ба тағйироти бозор мутобиқшаванда бошад. Имрӯз танҳо доштани сармоя кофӣ нест. Соҳибкор бояд бозорро омӯзад, талаботи истеъмолкунандагонро дарк кунад, хавфҳоро дуруст арзёбӣ намояд, технологияҳои рақамиро истифода барад ва барои рақобат омода бошад. Ба андешаи ман, соҳибкори муосир бояд масъулияти иҷтимоии худро низ дарк кунад. Яъне таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, риояи қонунгузорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа бояд ҷузъи фарҳанги соҳибкорӣ бошад.

- Дар идомаи тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии ДДМИТ ба насли нави соҳибкорон чӣ гуфтаниед?

- Истиқлолият барои ҳар як давлат имконияти мустақилона муайян кардани роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам меорад. Аммо истиқлолияти сиёсӣ бе таҳкими пояҳои иқтисодӣ устувории зарурӣ пайдо намекунад. Аз ин рӯ, насли нави соҳибкорон бояд соҳибкориро танҳо ҳамчун роҳи ба даст овардани даромад набинад. Соҳибкорӣ ҳамзамон масъулият дар назди бозор, корманд, ҷомеа ва давлат мебошад.  Тавсияи ман ин аст, ки аввал дониш, андӯзанд, баъдан таҷриба касб кунанд ва билохира ташаббус нишон диҳанд. Чунки ҷавон бояд пеш аз оғози фаъолияти соҳибкорӣ бозорро омӯзад, талаботи истеъмолкунандагонро муайян кунад, нақшаи тиҷоратӣ дошта бошад, хавфҳоро ҳисоб намояд ва имкониятҳои технологияҳои муосирро истифода барад. Агар як маслиҳати асосӣ диҳам, мегӯям: пеш аз он ки соҳибкор шавед, мушкили бозорро пайдо кунед ва роҳи ҳалли онро пешниҳод намоед. Соҳибкории муваффақ аз идеяи воқеӣ оғоз мешавад, вале бо дониш, меҳнат, масъулият ва идоракунии дуруст ба натиҷа мерасад. Донишҷӯи имрӯз бояд иқтисод, технологияҳои рақамӣ, забонҳои хориҷӣ, молия ва малакаҳои муоширати касбиро омӯзад. Инҳо барои соҳибкори ҷавон дар муҳити рақобатӣ муҳиманд. Ҷавони соҳибкор бояд омӯзад, таҳлил кунад, навовар бошад, аз технологияҳои муосир истифода барад ва ба натиҷаи дарозмуддат назар дошта бошад. Ба ҷойи тақлид бояд идеяи худро пайдо кунад; ба ҷойи фаъолияти кӯтоҳмуддат модели устувори бизнес созад. Вазифаи мо ҳамчун омӯзгор фароҳам овардани заминаи дониш ва тафаккури иқтисодӣ аст. Вазифаи соҳибкор бошад, табдил додани ин дониш ба ташаббус, маҳсулот, хизматрасонӣ ва натиҷаи воқеии иқтисодӣ мебошад.

- Ва саволи охир: ба муносибати Рӯзи соҳибкорон ба намояндагони ин соҳа чӣ таманно доред?

- Ба ҳамаи соҳибкорони кишвар саломатӣ, неруи созанда, иқдомҳои нав, рушди устувор ва комёбӣ орзу мекунам. Бигзор, фаъолияти онҳо бо истеҳсоли маҳсулоти босифат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи технологияҳои муосир, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ пайванд дошта бошад. Соҳибкори муваффақ ҳамонест, ки рушди фаъолияти худро бо масъулияти иҷтимоӣ ва манфиати ҷомеа ҳамоҳанг месозад. Ба соҳибкорони кишвар дар роҳи ташаббусҳои созанда ва фаъолияти босамар барору комёбӣ таманно дорам.

P/S:

Суҳбати мо бо дотсент Суннатулло Нуриддинов бори дигар собит сохт, ки иқтисоди рақобатпазир танҳо бо сармоя бунёд намешавад. Дар паси ҳар корхонаи муваффақ идея, дониш, кадри соҳибмаърифат, технологияи муосир ва ҷасорати амал меистад. Зеро соҳибкорӣ аз як идея оғоз меёбад, аммо барои ба натиҷаи воқеии иқтисодӣ табдил ёфтани он дониш, ташаббус, масъулият ва муҳити мусоид зарур аст. Аз ин рӯ, дар шароити иқтисоди муосир вазифаи муассисаҳои таҳсилоти иқтисодӣ танҳо омода кардани мутахассисони соҳавӣ ва дипломдорон нест. Ҳадаф тарбияи насли нави андешамандони иқтисодӣ - ҷавононест, ки имкониятро мебинанд, роҳи ҳалли масъалаҳоро меҷӯянд ва андешаро ба натиҷа табдил дода метавонанд.

Ба таври возеҳ аён аст, ки соҳибкорӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз унсурҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфта, аз ташаккули бахши хусусӣ то рушди истеҳсолоти муосир, аз соҳибкории хурду миёна то татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ роҳи муайянеро тай кардааст. Арзёбии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми соҳибкорон ҳамчун неруи пешбарандаи иқтисодиёт ва қувваи созандаи ободии Ватан низ дар заминаи сиёсати дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ аҳамияти хос дорад.

Нишондодҳои солҳои охир низ аз идомаи ин раванд шаҳодат медиҳанд. Танҳо дар соли 2025 дар кишвар 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст. Ҳамзамон, дар сиёсати иқтисодии мамлакат ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

Дар чунин шароит соҳибкори имрӯз бояд аз доираи тиҷорати одӣ берун рафта, ба истеҳсол, навоварӣ, технология, содирот, истифодаи самараноки захираҳо ва рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳ намояд. Иқтисоди рақамӣ, тағйироти бозори меҳнат ва рақобати байналмилалӣ бошад, мутахассисеро тақозо мекунанд, ки донишҳои назариявиро бо малакаи амалии иқтисодӣ пайванд дода тавонад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, фаъолияти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ аҳамияти хос пайдо мекунад. Пайванди илм бо таълим, таълим бо соҳибкорӣ ва дониш бо иқтисоди воқеӣ метавонад барои омода намудани мутахассисоне замина гузорад, ки на танҳо ба бозори меҳнат ворид мешаванд, балки дар он ташаббускорона арзиши нав эҷод мекунанд.

Рӯзи соҳибкорон низ фурсати муносибест барои қадршиносии чунин ташаббусҳо - ташаббусҳое, ки аз як идея оғоз шуда, ба истеҳсол, ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, пешрафти иқтисодӣ мусоидат мекунанд.

Дар ниҳоят, соҳибкорӣ он вақт ба неруи воқеии рушди миллӣ табдил меёбад, ки ташаббус бо масъулият, сармоя бо дониш, истеҳсол бо технология ва манфиати соҳибкор бо манфиати ҷомеа пайванд пайдо кунад. Маҳз чунин ҳамбастагӣ метавонад барои таҳкими истеҳсолоти миллӣ, густариши имкониятҳои иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварад.

 

Мусоҳиб:

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ