АДОЛАТ, ШАФФОФИЯТ ВА ПОКВИҶДОНӢ - СИПАРИ ҶОМЕА ДАР МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ
Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, ба рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ, адолати ҳуқуқӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ зарар мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди коррупсия вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ватандӯст мебошад.
Хатари асосии коррупсия дар он аст, ки принсипи баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун халалдор карда, имкониятҳои баробарро маҳдуд месозад. Вақте ки масъалаҳо на аз рӯйи қонун, дониш, қобилият ва адолат, балки тавассути пулу робитаҳои шахсӣ ҳал мешаванд, боварии ҷомеа ба низоми идоракунӣ коҳиш меёбад.
Коррупсия инчунин ба иқтисодиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин ҳолат рушди кишвар суст гардида, сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ меафзояд.
Мубориза бо коррупсия пеш аз ҳама, риояи қонун, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатиро талаб мекунад. Қонунгузорӣ бояд барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва кам намудани омилҳои инсонӣ дар қабули қарорҳо метавонанд имкониятҳои содиршавии амалҳои коррупсиониро маҳдуд созанд.
Ҳамзамон, зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои эҳтимолии коррупсионӣ аз роҳҳои қонунии муроҷиат истифода барад. Пешгирии коррупсия танҳо дар сурате натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки қонун барои ҳама баробар татбиқ гардида, ҳар як ҳолат дар асоси далел ва бо риояи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ шавад.
Дар мубориза бо коррупсия нақши ҷомеа низ хеле муҳим аст. Агар шаҳрвандон ба додани пора ҳамчун роҳи осони ҳалли мушкилот муносибат кунанд, ин зуҳурот барои идома ёфтан шароит пайдо мекунад. Аз ин рӯ, тағйир додани муносибати ҷомеа ба порагирӣ ва порадиҳӣ яке аз самтҳои муҳими пешгирии коррупсия мебошад.
Ҳар як инсон бояд дарк намояд, ки риояи қонун аз худи ӯ оғоз меёбад. Рад кардани амалҳои ғайриқонунӣ, иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ростқавлӣ барои ташаккули ҷомеаи солим замина мегузорад.
Воситаҳои ахбори омма низ дар ин раванд нақши муҳим доранд. Нашри мақолаҳои таҳлилӣ, шарҳу тавзеҳи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси мушкилоти мавҷуда дар доираи талаботи қонун метавонанд ба ташаккули афкори зиддикоррупсионӣ мусоидат намоянд.
Барои коҳиш додани коррупсия зарур аст, ки чораҳои ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ҳамоҳанг карда шаванд. Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба қонун бояд аз оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва тамоми муҳити иҷтимоӣ идома ёбад.
Ҳар як роҳбар бояд масъулияти худро дар назди ҷомеа эҳсос кунад, ҳар як корманд вазифаи худро софдилона иҷро намояд ва ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи манфиатҳои қонунии худ ва ҷомеа талош варзад. Танҳо бо чунин муносибати ҳамаҷониба метавон барои пешгирии коррупсия ва таҳкими адолати иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Хулоса, коррупсия танҳо қонуншиканӣ нест, балки зуҳуротест, ки метавонад ба арзишҳои ахлоқӣ, рушди иқтисодӣ ва ояндаи ҷомеа зарба занад. Мубориза бо он аз виҷдони пок, масъулияти шахсӣ, риояи қонун ва ҳамкории давлату ҷомеа оғоз мегардад. Ҷомеае, ки дар он адолат, шаффофият ва меҳнати ҳалол қадр карда мешаванд, барои рушди устувор ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон имкониятҳои бештар дорад.
Пешгирии коррупсияро танҳо бо сухан маҳкум кардан намешавад - барои пешгирии он ҳар яки мо бояд аз худамон оғоз намоем.
Камолзода Абдулло Маҳмадмурод,
муовини декан оид ба тарбияи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng