Ҳар сол 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Артиши миллӣ бо ифтихор таҷлил карда мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи мардонагӣ, шуҷоат, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат ба ҳисоб меравад. Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан буда, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва суботи сиёсиро таъмин менамояд.

Тоҷикистон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар шароити хеле ногувори сиёсӣ қарор дошт, зеро ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он дар зери хатар буд. Бинобар ин 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор ба имзо расонид. Ҳамин тавр, рӯзи 23-юми ферали соли 1993 якумин паради Артиши миллӣ дар пойтахти давлати навбунёди соҳибистиқлоли Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишварро, пеш аз ҳама, ба зиммаи ҷавонони баору номус ва ғаюру далери шуҷои Ватан бовар ва вогузор намуд. Чуноне ки ҷавонон медонанд, Ватан ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаби хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш ҷон нисор намудаанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ояндаи ҳар як давлат аз насли ҷавон вобаста аст. Аз ин рӯ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, омодагӣ ба ҳифзи истиқлолият бояд дар қалби ҳар ҷавон ҷой дошта бошад. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ омӯзонида мешавад. Инчунин, баргузор намудани вохӯриҳо бо хизматчиёни ҳарбӣ, баргузории машқҳои саҳроӣ ва чорабиниҳои ватандӯстона ба баланд гардидани сатҳи худшиносии миллӣ мусоидат мекунад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҷиддии ҳаётӣ мебошад. Дар ин ҷо онҳо интизом, масъулият, эҳтиром ба калонсолон ва ҳисси ҳамдигарфаҳмиро меомӯзанд.

Дар ин ҷомеаи пуртакопӯ ва зудтағйирёбанда, ҳар фарди ватандӯсту худшиноси кишварро зарур аст, ки огоҳонаву пайгирона, хидмати артишро арҷгузорӣ намояду онро ҳамчун арзиши муҳими ҳаёту мамот барои ҷавонон таблиғ намоянд. Осудагиву осоиши имрӯзаи кору фаъолияти ҳар шаҳрванди кишвар новобаста ба он ки он дар кадом арсаи ҷомеа ифои вазифа мекунад ё соҳибкор асту дар дигар соҳоти ҷамъият фаъолият менамояд, ҳар як нафар бояд дарк намояд, ки бедорхобию ҳушёрии сарбозон ва ниҳодҳои дигари муҳофизи ватан кафили асосии суботи ҷомеа ва давлат мебошад.

Бо саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан фаъолияти босамар менамоянд. Вазъи воқеии имрӯзаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ куллан тағйир ёфта, шароити хизмат батадриҷ чандин маротиба беҳбуд ёфт. Ваҷҳи асосии сол то сол афзудани шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз беҳтар гардидани шароити моддию маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ мебошад.

Артиши миллӣ сохтори умумимиллӣ буда, намояндагони тамоми минтақаҳо ва миллатҳои сокини кишварро муттаҳид месозад. Ин омил ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва дӯстии байни шаҳрвандон мусоидат менамояд. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонон аз гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистон хизмат мекунанд. Онҳо дар як муҳит зиндагӣ намуда, рӯҳияи бародарӣ ва эҳтироми мутақобиларо меомӯзанд. Ин таҷриба барои таҳкими ягонагии миллӣ аҳамияти калон дорад.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият роҳи рушду такомулро тай намуд. Аз марҳилаи ташаккули ибтидоӣ дар шароити душвор то ба як ниҳоди муназзам ва қобили иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ табдил ёфтан дастоварди назаррас мебошад. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошанд. Тақвияти иқтидори мудофиавӣ, навсозии доимӣ, тарбияи насли ватандӯст ва таҳкими ваҳдати миллӣ самтҳои асосии фаъолияти Артиши миллӣ ба шумор мераванд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбирҳо меандешанд. Бунёди шаҳракҳои ҳарбӣ, беҳтар кардани таъминоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми афсару сарбозон далели ғамхории давлат нисбат ба ҳомиёни Ватан мебошад. Имрӯз нақши Артиши миллӣ дар таъмини амнияти минтақа ва мубориза бо таҳдидҳои муосир низ муҳим аст. Сарбозону афсарон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ омодаанд, ки ҳар лаҳза амнияти давлат ва шаҳрвандонро ҳифз намоянд.

23 феврал - рӯзи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба ҳамаи онҳое мебошад, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд ё кардаанд. Ин рӯз рамзи иттиҳоди миллат, қудрати давлат ва эътимод ба фардои осоишта мебошад. Артиши миллии Тоҷикистон ифтихори миллат, такягоҳи боэътимоди давлат ва кафили сулҳу суботи кишвар аст. Ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

 

Қадриддин ФАТҲИДДИНЗОДА,

муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ