АРТИШИ МИЛЛӢ - НЕРӮИ ҚОДИР БА ТАЪМИНИ АМНИЯТУ ҲИФЗИ ДАВЛАТ
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи устувори давлатдорӣ, сипари боэътимоди истиқлолу озодӣ ва рамзи ҷасорату матонати миллат мебошанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсис дар шароити бисёр ҳассосу печида, Артиши миллӣ рисолати муқаддаси худ - ҳифзи амният, субот ва якпорчагии Ватанро бо садоқат адо намуда меояд ва ҳамзамон, марҳила ба марҳила тавонотар мегардад.
Дар ташаккул, таҳким ва муосирсозии Артиши миллӣ саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас ва таърихист.
Маҳз бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат Артиши миллӣ дар шароити душвори солҳои аввали истиқлол таъсис ёфта, ба сохтори муназзаму касбӣ табдил дода шуд. Таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ба беҳтарсозии шароити хизмат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, тақвияти заминаи моддиву техникӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон Қувваҳои мусаллаҳи кишварро ба неруи боэътимоди ҳифзи марзу буми Ватан мубаддал гардонидааст.
Дар даврони муосир, амнияту субот, ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои ҳар кишвар решаҳои устувориро мехоҳад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба аҳди сулҳ қадам гузошт, таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун ниҳоди асосии ҳимояи марзу бум ва арзишҳои давлатӣ на танҳо зарурат, балки ба соҳибихтиёрӣ ва дарак додан аз худ ба воқеиятҳои минтақавӣ ва глобалӣ ба шумор меравад.
Аз назари соҳибназарони худогоҳ пӯшида нест, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 1990-ум дар ҳолати душвор ва печида ба вуҷуд омад. Танҳо пас аз истиқлолият дар соли 1991 ва амалӣ шудани созиши умумии сулҳ дар соли 1997, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима дод, зарурати ба низоми тақвиятёфтаи мусаллаҳ табдил додани қувваҳои мусаллаҳ имконпазир гардид. Минбаъд ин ниҳод на ҳамчун нерӯи фақат дар чаҳорчӯбаи ҳарбӣ амалкунанда, балки ба ҳайси ниҳоди сохторие, ки барои ҳифзи сулҳ, ризоияти миллӣ ва амнияти стратегӣ масъул аст, мукаммал карда мешуд. Аз ин рӯ, хусусияти аввалиндараҷаи Артиши миллии Тоҷикистон - ин иҷрои вазифаҳои ҳифзи истиқлолият ва сарҳадот маҳсуб меёбад. Зеро Тоҷикистон бо макони ҷуғрофии ҳассос - марзу буми дарозмуддат бо Афғонистон рубарӯ мебошад, ки хатарҳои гуногунро аз нигоҳи мавқеъ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъсири гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ба вуҷуд меорад. Дар чунин шароитҳо артиши касбӣ ва мутобиқшудаи миллӣ, ки қодир ба амалҳои зиддитеррористӣ ва посдори субот дар минтақа аст, нақши бузург мебозад, ки аз уҳдаи иҷрои ин масъулият Қувваҳои мусаллаҳи мо бо сари баланд баромада истодаанд.
Дар замони пуртаҳаввулот ва ҳаводиси пешгӯинашавандаи зудтағйири сайёра амнияти миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон самти муҳимтарини сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, аз ҳифзи истиқлолият то ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳониро дар бар мегирад. Агар дар ибтидо Артиши кишвар бештар сохтори номукаммал ва таҷрибаи нокофӣ дошт, имрӯз он армуғони таҷриба ва саҳми ҷиддӣ дар амнияту ҳифзи давлат гардидааст.
Тоҷикистон бо марзи тӯлонии беш аз 1 300 км бо Афғонистон рӯбарӯ аст. Таҳдиде, ки ҳамеша дар гардиши эътирофшудаи сиёсатҳои амниятии минтақавӣ қарор дорад. Дар чунин шароит қудрати артиши миллӣ ҳамчун қувваи марказӣ барои пешгирӣ аз таҳдиди террористӣ, контрабанда ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ муҳим мебошад.
Бартарии дигари Артиш - ҳамкории зич бо ниҳодҳои қудратӣ ва шарикони байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва дуҷониба талош дорад, ки сатҳи омодагӣ ва таҷҳизоти ҳарбии худро такмил диҳад. Ин ҳамкориҳо дар таълими муштараки кадрҳо, гузаронидани машқҳои ҳарбӣ ва ба даст овардани таҷрибаҳои навини амниятӣ таҷассум меёбанд.
Ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба сифати узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, ва инчунин, ҳамкориҳои низомӣ бо қудратҳои ҷаҳон, ба мисли Русия ва Чин нишондиҳандаи ҷиддияти сиёсати амниятӣ аст. Ин ҳамкориҳо дар машқҳои муштараки ҳарбӣ, таълими афсарону сарбозон ва мубодилаи таҷриба таҷассум меёбанд.
Таҳлилгарони минтақавӣ таъкид мекунанд, ки Артиши Тоҷикистон новобаста аз имконоти маҳдуди иқтисодӣ, имрӯз дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати манобеъ ва модернисозӣ саҳми назоратшаванда дорад. Ин аст, ки неруҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳифзи марз, амнияти дохилӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ пешравиҳои комил доранд.
Бузургтарин арзиши Артиш танҳо қудрат ва омодагӣ нест, балки он инчунин мактаби ватандӯстӣ ва масъулият ба ҷомеа мебошад. Бо назардошти он ки Артиш на танҳо як ниҳоди ҳарбӣ, балки як муҳаррики тарбиявӣ ва иҷтимоӣ барои ҷомеа мебошад, он ҷавонҳоро бо маҳоратҳои касбӣ дар самти дифоъ, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва муносибати ҷиддӣ ба қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ тарбия ва омода месозад. Бинобар ҳамин, хизмат дар сафи Артиш барои ҷавонон роҳест ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонунҳо ва рушд додани худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ.
Дар заминаи пешрафтҳо ва тақозои вазъи минтақаву сайёра артиши Тоҷикистон вобаста ба имконоти давлат таҷдиди устувори таҷҳизот ва такмили инфрасохтори мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, омӯзиши доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати аскарону афсарон, бахусус дар самтҳои муосири ҷангӣ, киберхатҳои амниятӣ ва таҳлилҳои разведка, ҳамчунин, мутобиқ шудан ба таҳаввулоти глобалии амниятро, ки ҳамвора тағйир меёбанд, роҳандозӣ карда истодааст. Истифода аз чунин имкониятҳои нав, аз қабили истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои идора ва омодагӣ, ҳамкории стратегӣ бо шарикони байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳои инсониву техникии ҷиҳати таҳкими низом ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар мусоидати бештар хоҳанд намуд.
Артиши миллӣ, ҳамчунин яке аз ниҳодҳои калидӣ дар ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла, дар бартарафсозии офатҳои табиӣ аст. Дар ҳоли ҳозир қудрати инсонӣ ва техникии ин ниҳод барои кумак ба аҳолӣ дар заминаи наҷотбахшӣ, барқарории инфрасохтор ва таъмини амният дар шароити фавқулодда ба таври назаррас истифода мешавад, ки ин ба баланд шудани эътимоди мардум ба давлат таъсири мусбат мерасонад.
Инак Артиши миллии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки бо такмил додани инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, ҳамчун неруи амниятии воқеӣ ва пойдевори давлат боқӣ монад. Аз ин рӯ, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз на танҳо як сохтори низомӣ аст, балки пояи устувории давлат ва ҷомеа эътироф шудааст. Нерӯе, ки бо омодагии касбӣ, иродаи сиёсӣ ва дастгирии иҷтимоӣ тавоно буда, дар субот, ҳифзи арзишҳои демократӣ, ҳимояи марзу бум ва таъмини амнияти миллат нақши ҳалкунанда мебозад. Ин аст, ки дар ҷаҳони пурпечутоб ва пур аз таҳдидҳои нав артиши миллӣ на танҳо нигоҳи ба оянда амн дорад, балки итминони пуштибонии қавӣ аз давлати соҳибихтиёри давлатро дорост.
Имрӯз афсарону сарбозони шуҷои тоҷик бо ҳисси баланди масъулият дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт - ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, таъмини суботи ҷомеа ва муқовимат бо таҳдидҳои муосир саҳми арзанда мегузоранд. Ҷасорат, интизом, садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва муҳаббат ба Ватан сифоти хоси ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошад.
Бо чунин неруи матин ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ояндаи амнияту суботи кишвари азизамон - Ҷумҳурии Тоҷикистон - боз ҳам устувортар хоҳад буд.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng