"Таъмини амнияти давлату ҷомеа, дӯст доштани Ватан, ҳимояи он ва садоқат ба халқу давлати худ қарзи ҳаётӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми кормандони Қувваҳои Мусаллаҳ, тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фард мебошад."

Эмомалӣ РАҲМОН

Боиси хушнудист, ки ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол - 23-юми феврал ба сифати Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, дар кишвари соҳибистиқлоламон бо шукуҳи шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон воқеа ва руйдодҳое ба вуқуъ пайвастаанд, ки ба сиёсати давлатии мо такони ҷиддӣ бахшидаанд. Аз ҷумла, бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вусъат пайдо карда, кишвар дар ҳолати ноором қарор гирифта буд.

Дар чунин вазъи ҳассос ва печидаи сиёсӣ, ки аз сабаби рух додани мноқишаҳои дохилӣ дар кишвар идома меёфтанд, таъсис додани артиши миллӣ кори саҳл набуд. Вале Тоҷикистони тозаистиқлол дар баробари чунин бархӯрдҳои шадиди ҳарбию сиёсӣ, ки кишварро таҳдид мекарданд, истодагарӣ намуда, ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ дар заминаи холӣ аз сифр шурӯъ намуд ва ба минвол дастёб гардид.

Маҳз бо иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандона ва раҳнамоии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина ташаккул ёфт. Ин раванд осон набуд: аз набудани заминаҳои моддиву техникӣ то омода кардани кадрҳои ҳарбӣ ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ басо мушкил буд. Бо вуҷуди ин таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Артиши миллӣ марҳила ба марҳила такмил ёфта, ба як мактаби ҷасорат, садоқат, шуҷоат ва масъулияти баланд табдил гардид.

Кишвари азизамон ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали таҷдиду навсозӣ гардонидани шароити хуби артиши миллӣ дар баробари вуҷуд доштани буҳрони иқтисодиву молиявӣ барои бозсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Дар солҳои 1992-1997 вазъ дар кишвар торафт тезутунд мегардид, мухолифатҳои дохилӣ ва қатлу кушторҳои бераҳмонаи гурӯҳҳои мухолифин дар кишвар бештар ба назар мерасиданд. Маҳз афсарону сарбозони далери Қувваҳои мусаллаҳ дар баробари мураккаб гардидани вазъ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот, барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

Дар ҳамин раванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд. Чун дар даврони интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хотима бахшидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳое буданд, ки зид мебаромаданд, аммо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба имзо расонид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Дар ҳамин замина 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори аввал паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Саҳми калони фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароварад. Роҳбари кишвар Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, қайд карданд, ки «Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд».              

Имрӯз, Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пурқудрат, боқувват ва боэътимод, кафили сулҳу субот, ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти давлат ва осоиши шаҳрвандон мебошад. Артиши миллии Тоҷикистон артишест, ки аз мактаби сахти таърих гузаштааст, имрӯз бо ифтихор парчами истиқлолро ҳифз намуда, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эътимоди комил гомҳои устувор мегузорад.

Воқеан, Артиши миллӣ ҳамчун кафили тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти сарварии Сарфармондеҳи Олии худ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро сазовор иҷро намуда, сулҳу субот дар кишварамонро таъмин менамоянд. Дар натиҷаи пойдории сулҳу суботи комил ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, нуфузу эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.

Ҳамин тавр, миллати тоҷик он рӯзҳои душворро паси сар намуд, миллат сарҷамъ омад, фазои сулҳу субот дар кишвар ҳукумрон шуд, артиши миллӣ рушд намуда, қудратманд гардид.

Имрӯз аз таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33- сол пур шуд. Артиши миллии мо бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароит ва техникаҳои вазнини ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардида, тавоно шудааст. Ин аст, ки Артиши миллӣ ҳоло кафили сулҳу ваҳдати миллӣ, сипари боэътимоди давлату миллат буда, тамоми вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона ва бошарафона иҷро намуда истодааст.

 

Муҳаммадраббӣ Файзализода –

мутахассиси раёсати таълим