ОБ - САРЧАШМАИ ҲАСТИИ ИНСОН ВА ТАБИАТ
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.
Ҳифзи табиат, набототу ҳайвонот вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Муқаррар шудани чунин вазифа асосан ба дарки хатари ҳақиқие, ки ба табиат ва муҳити атроф мерасад, вобастагӣ дорад.
Шаҳрвандон вазифадоранд, ки табиатро эҳтиёт намоянд, сарватҳои онро самаранок истифода баранд ва талаботи қонунгузориро оид ба муҳофизати табиат риоя намоянд. Дар ҳолати вайрон кардани қонун ба шаҳрвандон ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда шудааст. Маҳз бо ҳамин сабаб ин вазифа хусусияти конститутсионӣ пайдо кард. Омилҳои таббӣ ба ҳаёти инсон шароити мусоид фароҳам меорад. Инсон ва табиат ҳамеша муносибати тарафайн дорад. Аз табиат инсон нафт, ангишт, чӯб, пахта, пашм, намудҳои гуногуни филиз ва бисёр ашёи дигарро ба даст меорад ва истифода мекунад. Табиат одамро рӯҳбаланд намуда, бо зебогиаш мафтун мекунад. Саломатии мо аз бисёр ҷиҳат ба табиат вобаста аст.
Инсон як ҷузъи табиат аст, зеро бевосита дар оғӯши табиат зиндагӣ мекунад. Инсон ҳам ба мисли дигар мавҷудоти зинда ғизо мегирад, нафас мекашад, бузург мешавад ва афзоиш мекунад. Бинобар ин, ба одам низ мисли дигар мавҷудоти зинда об, ҳаво, ғизо ва гармӣ зарур аст. Инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар ҷое, ки зиндагӣ кунад, чи хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ дорад.
Бе омилҳои таббиӣ ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст. Бе об ҳаёт нест. Об ҳастии ҳаёт аст. Ягон гулу гиёҳ, ҳайвоноти зинда бе истифодаи об буда наметавонад. Сабзишу расиши ҳар як мавҷудот ба об вобаста аст.
Хок чун ҳастии бузурги табиат, эҳёгари тамоми мавҷудоти олам аст. Ин сарвати бузург имконият медиҳад, ки ҳамаи ҳастиҳо аз он пурбор гардида, тамоми растаниҳо дар он рӯянду сабзанд, ба воя расида, гулу мева ба бор оранд. Ҳамчун пурбардортарин маъхази бузург тамоми хубию зиштиҳо ва ифлосиҳо ҳатто ҷисмҳои фавтидаи одамону ҳайвоноти талафёфта низ дар қаъри замин ниҳонанд, ки моро аз вайрон намудани боду ҳаво эмин медоранд.
Боду ҳавои тозаву озода манбаи осоиш самимии ҷисмҳои зиндаи рӯи замин аст. Аз ҳавои тоза нафаси озодаву бароҳат мегирем, нашъунамо меёбем, тансиҳату осуда зиндагӣ мекунем. Бад будани сифати ҳавою муҳити атроф ба бемориҳо оварда мерасонад. Ҳастии муҳити атроф ва олами зинда низ ба тозагии боду ҳаво ниёз доранд. Бо сардии ҳаво дар хоби ноз мераванду бо фаро расидани фасли баҳори дилангез аз нав бедор мегарданд.
Сарватҳои зеризаминӣ низ яке аз захираҳои бузурги табиатанд, ки инсоният пайваста аз онҳо истифода мебараду ҳаёти хешро рангину пуртароват мегардонад. Ба мисоли ин сарвати бебаҳо об ба шумор меравад, чунки ҳаёти инсониятро бе об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Принсипи бефосилагии тарбия ва маърифати экологӣ аз зарурати мутобиқшавии инсон ба муҳити зисти доимо тағйирёбанда сарчашма мегирад.
Об дар ҳаёти инсон ва дигар мавҷудоти зинда аҳамияти беандоза дорад. Зиёда аз 75 фоизи вазни бадани одамро об ташкил медиҳад. Агар одам 20 фоизи оби баданашро талаф диҳад, ин ба марг оварда мерасонад. Ҳамаи ҷараёнҳое, ки дар бадани одам ба амал меоянд, бо иштироки об мегузаранд. Одам бе об ҳамагӣ якчанд рӯз зиндагӣ карда метавонаду халос. Аз рӯзи таваллуд то охири умр инсон обро дар ҳаёт ва фаъолияти худ истифода мебарад.
Об дар бадани мо вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- барои безарар гардонидани нафаскашӣ ҳаворо намнок
мекунад;
- ҳарорати бадани одамро идора мекунад;
- барои ҳазми моддаҳои ғизоӣ ёрӣ мерасонад;
- дар мубодилаи моддаҳои организм иштирок мекунад;
- ҳар гуна моддаҳои нолозим ҳамроҳи об аз бадан хориҷ мешаванд.
Дар байни сарватҳои табиие, ки одам истифода мебарад, об ҷойи аввалро ишғол мекунад. Одамон обро бештар дар корҳои зерин истифода мебаранд:
- Ҳар як одам дар хоҷагии оилавиаш обро барои нӯшидан, тайёр кардани хӯрок, шустушӯй ва тозагӣ истифода мебарад.
- Соҳаи кишоварзӣ бе об вуҷуд дошта наметавонад. Дар ин соҳа обро барои парвариши зироатҳо, боғҳо, чорводорӣ ва моҳипарварӣ ба кор мебаранд. Бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои ташналаб дар баъзе ҷойҳо каналҳо кофта мешаванд
- Дар корхонаҳои саноатӣ ҳангоми истеҳсоли молҳои гуногун, хунук кардан ва шустани дастгоҳҳо аз об ба таври фаровон истифода мебаранд.
- Обро ҳамчун воситаи роҳи нақлиёт истифода мебаранд. Қисми зиёди борҳо дар дунё тавассути роҳҳои баҳрӣ ва дарё кашонида мешаванд. Бо ин мақсад киштиҳое сохта шудаанд, ки ҳазорҳо тонна борҳои гуногунро кашонида метавонанд.
- Аз об барқ истеҳсол мекунанд. Барои истеҳсоли неруи барқ дар дарёҳо неругоҳи барқи обӣ (НБО) месозанд.
- Об манбаи саломатӣ ва рӯҳу илҳоми одамон аст. Дар соҳили дарё, кӯл, баҳр ва чашмаҳои шифобахш истироҳатгоҳҳо ва дармонгоҳҳо сохта шудаанд. Ҳар сол одамони зиёд дар ин гуна ҷойҳо дам гирифта, саломатии худро барқарор мекунанд.
Мутаассифона, солҳои охир дар миқёси сайёраи Замин об – сарвати бебаҳои мо ифлос ва ҳаҷми оби нӯшокӣ сол то сол кам шуда истодааст. Ҷиддӣ будани ин мушкилотро дарк намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 16 сол пеш ба оламиён муроҷиат карда буданд.
Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои оби нӯшокӣ дар миқёси ҷаҳон якчанд корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
- Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август - 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
- Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард.
- Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез.
- Эълон намудани соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ш. Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа як қатор санадҳои ниҳоӣ қабул шуданд:
а). Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об;
б). Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об;
в). Натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об.
Пешниҳод оид ба об аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оламиён якдилона қабул карданд. Зимни он дар ҷаҳон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон гардид.
Масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ дар ҳамаи гӯшаи дунё, яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандона ва дурандешаи сарвараш Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи дуюм аст, ки диққати ҷаҳонро бо масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ ҷалб менамоянд.
Бо мақсади ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд, пас аз муҳокимаи лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он аз тарафи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29.11.2000 таҳти №34 ба имзо расонида шуд, ки он аз 5 фасл, 24 боб ва 146 модаа иборат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод кард. Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.
Тавре маълум аст, дар солҳои охир Пешвои муаззами миллати мо дар самти ҳалли масоили вобаста ба об дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббуси созандаро пешниҳод кардаанд, ки онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамчун барномаҳои дорои аҳамияти глобалӣ аз тарафи Созмони Милали Мутаҳид тасдиқ ва татбиқ гаштаанд. Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Дар ин самт Пешвои муаззами миллат ҳамчунин фармуданд, ки мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.
Равандҳои ҳамгироӣ дар муносибатҳои муосири байналмиллалӣ тамоюл ва намунаи рӯзафзуни рушди ҷаҳон буда, омӯзиши онҳо барои ҳалли бисёр мушкилоти нави ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар қарни ҷорӣ, ки ҷаҳон бори аввал бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст мусоидат менамояд.
Масоили об воситаи тавонои ҳамкорӣ ва муколама ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор ва суботи комили ҷомеа мебошад. Баҳри комёб шудан ба ҳадафҳои стратегии он Ҳанӯз ҳам фаъолияти самарабахш, ҳамаҷониба ва мутобиқшуда зарур аст, ки он бо иродаи қавии сиёсӣ дастгирӣ карда шавад.
Хулоса ҳанӯз аз охири қарни XX ва аввали асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои илман асоснокшударо ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ манзур намуда, онро то кунун дар сатҳи баланд идома дода истодааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори силсилаи иқдомоти ҷаҳонӣ дар соҳаи об эътироф гардида, пойтахти он шаҳри Душанбе ба маркази муколама ва дипломатияи об табдил ёфтааст. Иқдомоте, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо назардошти мунтазаму бефосила ва самарабахш баргузор гардидани маҷмуи чорабиниҳои вобаста ба об, ки фарогири ғояҳои башардӯстона ва ба нафъи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронидашуда мебошанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфта шуданд, эътироф гардидаанд. Дар раванди конференсияи байналмилалӣ ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишваре, ки пешбарандаи муколама ва дипломатияи муосири об дар таҳкими заминаҳои сиёсӣ, институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва илмию таълимии масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад, ном бурданд.
Аз ин лиҳоз, ташаббуси навбатии Президенти кишвар дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра аст.
Бо назардошти вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, аз ҷумла гармшавии иқлим, ки пайомадҳои гуногуни манфиро дорад, чунин ташаббус муҳиму саривақтӣ буда, амалӣ гардидани он барои ҳифзи сайёра аз хатарҳои воқеӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистон дар дунё нақши муассир мегузорад.
Боиси қайд аст, ки ҳар фарди худшиносу ватандӯст ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои умумибашарӣ пешсаф ва Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои кулли мардуми хайрхоҳи ҷаҳон аст. Мо бо чунин Ватан ва бо чунин Пешвои ташаббускору башардӯст ифтихор мекунем.
А. МИРЗОЕВ –
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
М. МУҲАММАДИЕВА -
омӯзгори МТМУ №7 ба номи Алишер Навоии ш.Турсунзода
Тоҷ
Рус
Eng