САОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ - ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бахшида шуда, вазифаҳои муҳимро барои ҳокимияти давлатӣ, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд муайян менамояд, метавон аз ҳуҷҷатҳои муҳим ва дастури раҳнамо қабул кард.
Паёми навбатии худро Президенти кишвар аз баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2025 сурат гирифт, оғоз намуда, қайд карданд, ки онҳо дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Баъдан Президенти кишвар диққати ҳозиринро ба дигар рӯйдоди таърихӣ–ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат–Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ анҷом ёфт, ҷалб намуд.
Роҳбари давлат ҳамчунин, дар бораи шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ёдовар шуданд, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Сипас Президенти кишвар дар бораи пешниҳоди ташаббусҳояш сухан ронда, иброз намуданд, ки пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз номаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан роҳбари давлат оид ба кору фаъолият, пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, соҳибкорӣ, роҳу нақлиёт, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону бонувон, андоз ва дигар сухан ронда, вазифаҳоро барои Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин масъулону шаҳрвандони кишвар аниқу мушаххас муайян карданд.
Яке аз самтҳои муҳими Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар дастгирӣ ва рушди илму маориф мебошад.
Роҳбари давлат аз ҷумла таъкид доштанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».
Рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, саодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст.
Аз ин лиҳоз, роҳбари давлат дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморад.
Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд бештар ба илму маориф, ки соҳаи ҳаётан муҳими ҳар давлату миллат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, баҳри фароҳам овардани шароити арзанда ба омӯзгорону олимон шароити созгор фароҳам созем.
Табаров Н.А.,
дотсенти кафедраи
ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии
Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng