ҶАШНИ НАВРӮЗИ АҶАМ - МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Наврӯз яке аз қадимтарин ва волотарин ҷашнҳои мардумони ориётабор маҳсуб меёбад ва он таҷассумгари оғози баҳор, эҳёи табиат, оғози соли нав ва киштукори деҳқон мебошад. Худи калимаи Наврӯз аз забони форсӣ ба вуҷуд омада, маънои “рӯзи нав”-ро дорад. Мардуми тоҷик аз қадиммулаём ин ҷашнро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Наврӯз рамзи дӯстӣ, покизагӣ ва эҳтироми инсон нисбат ба табиат мебошад.
Наврӯз таърихи беш аз се ҳазорсола дорад. Муқаққиқон чунин ақида доранд, ки ин ҷашн ҳанӯз дар замони тамаддуни қадимаи ориёӣ ба вуҷуд омадааст. Наврӯз бо баробар шудани шабу рӯз 21-уми март оғоз меёбад. Маҳз дар ҳамин шабонарӯз офтоб ба нуқтаи баробарии баҳорӣ мерасад ва табиат аз хоби зимистони бедор шуда, аз нав эҳё мешавад. Дар асрҳои гузашта подшоҳон ва мардум Наврӯзро ҳамчун ҷашни бузургу муқаддас таҷлил менамуданд. Дар ривоятҳои қадимӣ гуфта мешавад, ки шоҳи афсонавии Эрон - Ҷамшед бори аввал Наврӯзро ҷашн гирифта буд. Тибқи ин ривоят, шоҳ Ҷамшед дар ин рӯз ба тахти заррин нишаста, мардумро ба зиндагии нав ва шодмонӣ даъват намуда буд. Аэ ҳамон рӯз инҷониб ин рӯз ҳамчун рӯзи нав, яъне Наврӯз ном гирифт.
Дар давраи ҳокимияти Ҳахоманишиён ва Сосониён Наврӯз хеле бо тантанаи бузург таҳлил мегардид. Подшоҳон дар ин рӯз мардумро ба дарбор қабул намуда, ба онҳо туҳфаҳо ҳадя менамуданд. Дарбор бо ороишҳои зебо ва дастархони пурфайз оро дода мешуд. Ин ҷашн чанд шабонарӯз идома меёфт ва бо мусиқиву суруду рақсу бозӣ баргузор мегардид.
Дар давраи мо низ мардум Наврӯзро хеле ботантанаву сурур таҷлил менамоянд. Дар ин рӯзҳо мардум либосҳои нав ба бар намуда, хонаҳои худро тоза мекунанд ва бо ҳамдигар меҳру муҳаббат нишон медиҳанд. Баробари фарорасии Наврӯз мардум ба корҳои ободонӣ ва киштукор шуруъ менамоянд.
Дар рӯзҳои Наврӯз занҳо хӯрокҳои миллӣ омода менамоянд ва дастархони ҳафтсину ҳафтшин меороянд. Дар он ҳафт хӯроке гузошта мешавад, ки бо ҳарфҳои Син ва Шин гузошта мешавад, ки ҳар яки онҳо рамзи соли навро таҷассум мекунанд. Махсусан, яке аз хӯрокҳои асосӣ ва рамзи оғози баҳор суманакро омода менамоянд. Пухтани суманак бо сурудхонӣ ва ҷамъ омадани занону гулдухтарон баргузор мегардад, ки хеле лаҳзаи ҷолиб мебошад. Ғайр аз суманак, дар дастархони наврӯзӣ таомҳои гуногуни миллӣ, аз ҷумла палав, кӯлчаҳо, шириниҳо ва меваҳо гузошта мешавад. Дастархони наврӯзӣ бояд тавре ороста шавад, ки дар он рамзи фаровонӣ ва файзу баракати соли нав таҷассум гардад. Инчунин, дар рӯзҳои Наврӯз бозиҳои миллӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили бузкашӣ, гӯштингирӣ, пойгаи аспдавонӣ ва барномаҳои консертӣ доир мегардад. Ин гуна чорабиниҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи мардум ва ҳифзи фарҳанги миллӣ аҳаммияти калон доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ ва фарҳангӣ бо як шукуҳу шаҳомати махсус ҷашн гирифта мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишварамон барномаҳои идона, намоишҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад. Мардум дар ин ҷашн либосҳои миллӣ ба бар намуда, фарҳанги бойи тоҷиконро ба маърази тамошо мебароранд.
Бо ташаббуси давлату Ҳукумати кишвар ва аҳли фарҳанг Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таҷлил мегардад. Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ботантана таҷлил менамоянд. Ин ҷашни фарҳангӣ мардумони гуногунмиллати ҷаҳонро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.
Бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни фарҳангии башарият ва ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Наврӯз барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ саҳми беандоза дорад. Ин ҷашни фарҳангӣ ба мардум имкон медиҳад, ки анъанаҳои қадимии худро зинда нигоҳ доранд ва онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
Инчунин, Наврӯз ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни мардум мусоидат менамояд. Дар рӯзҳои ид одамон ба ҳамдигар меҳрубонӣ нишон медиҳанд, ба дидорбинии беморону калонсолон мераванд ва ба мардуми камбизоат дасти ёрӣ дароз менамоянд. Наврӯз мардумро ба меҳрубонӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми якдигар даъват менамояд.Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни фароғатӣ, балки ҳамчун ҷашни дорои арзишҳои миллӣ ва маънавӣ маҳсуб меёбад.
Хулоса, Наврӯз яке аз ҷашнҳои милии тоҷикон ба ҳисоб рафта, он рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ, сулҳ ва умеди зиндагии беҳтар ба фардои дурахшон мебошад. Бояд қайд намуд, ки таҷлили ҷашни Наврӯз барои таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардум аҳаммияти муҳим дорад. Бо нигоҳ доштани анъанаҳои Наврӯз мо мероси фарҳангии аҷдодони худро эҳтиром намуда, онро ба наслҳои оянда мерос мегузореи. Аз ин ҷиҳат, ҳифз ва гиромидошти ин ҷашни бостонӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеаи солим мебошад.
Парвина ОРЗУЗОДА,
н.и.ф., устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng